Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо кори гармхонаҳои сабзавоткорӣ

12.11.2014 17:00, ноҳияи Ёвон

Дар ноҳияи Ёвон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ бевосита шинос шуд.

Нахуст ба гармхонаҳои бунёднамудаи мутахассисони чинӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо аз ҷониби ширкати Ҷинян Инхайи чинӣ дар майдони 49 га замини корами обӣ 196 гармхона бояд бунёд ёбад. Ҳоло 139-тои он сохта шудааст. То охири соли равон шумораи гармхонаҳои ин мавзеъ ба 160-то расонда мешавад. Дар 39 гармхонаи омодашуда ҳоло помидору бодиринг, қаламфуру боймиҷон ва дигар сабзавот парвариш меёбад. Ҳар як гармхона дар масоҳати 60 метри мураббаъ замин бунёд ёфта, ҳосили интизорӣ аз як гармхонаи помидор ё бодиринг 10 тонна маҳсулот аст. Ҳадаф аз бунёди ин гармхонаҳо пурра таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ бо сабзавоти барвақтӣ дар фасли зимистон ва аввалҳои баҳор ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи кишвар аст.

Дар ин ҷо 125 нафар ба таври доимӣ кор мекунанд, ки 110 каси онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Оянда шумораи коргарон дар ин ҷо то ба 200 нафар расонда мешавад.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин бунёди сардхона барои нигоҳдории 1000 тонна сабзавоти тару тоза ва коргоҳи басту банди маҳсулот дар назар аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо дастур дод, ки барои аҳли заҳмати гармхонаҳо тамоми шароити зарурии кориро муҳайё созанд, то ки талаботи санитарию беҳдоштӣ ва қонунгузории кишвар ба пуррагӣ риоя шавад.

Дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори 4 гармхонаи дигар шинос шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наврӯз Ҷонмаҳмадов бо бародаронаш бунёд ёфтаанд.

Тавре аён гардид, усули кори ин гармхонаҳо дигар аст, вале маҳсули фаъолияташон хуб аст. 4 гармхона дар масоҳати умумии 2 га бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Ба иттилои бародарони соҳибкор ин хароҷот дар як мавсими ҳосилғундорӣ натанҳо пӯшонда мешавад, балки фоида ҳам ба даст меояд, зеро аз 4 гармхона қариб 100 тонна помидору бодиринг ҷамъоварӣ мешавад.

Танҳо дар 3 моҳи зимистон бо харҷи 40 тонна ангишт ба 4 гармхона гармӣ дода мешудааст.

Дар ин гармхонаҳо 15 нафар бо кор таъмин шудаанд.

Ин бародарони соҳибкор, чунонки ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, азм доранд, ки ҳамчунин як корхонаи парвариши аспи зоти тоҷикиро ба роҳ монанд. Ташаббуси онҳо мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520