Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби замонавӣ ва бинои иловагӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон

12.11.2014 12:21, ноҳияи Ёвон

Дар идомаи сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ташриф оварда, мактаби нави ҳамагонӣ барои 640 хонанда дар 2 бастро мавриди истифода қарор дод.

Чунонки зикр гардид, ин мактаб аз ҷониби корхонаи муштараки Хуаксин Ғаюр Сементи ноҳия барои мардуми деҳаҳои Ҳасанӣ ва Дарагии ноҳия бунёд ёфтааст.

Мактаб аз 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои физика, кимиё, биология ва синфхонаҳои лингофонӣ барои забономӯзӣ иборат аст. Ду синфхонаи дигар барои ҳунаромӯзии духтарону писарон бо мошинҳои дӯзандагӣ ва асбобҳои дуредгарӣҷиҳозонида шудааст.

Мактаб ҳамчунин дорои толори зебои варзишӣ, ошхона ва дигар утоқу толорҳо мебошад.

Роҳбари корхонаи муштараки Хуаксин Ғаюр Семент Акбар Ғуломов уҳдадор шуд, ки то соли оянда боз як мактаби дигар барои 1300 хонанда дар ду баст ва як боғчаи кӯдакона сохта ба истифода медиҳанд.

Дар саҳни мактаби нав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури аҳолии деҳоти атроф ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия суханронӣ намуда, аз ҷумла мактаби нави замонавиро туҳфаи арзанда ба муносибати солгарди 20-уми қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.

Дар беморхонаи марказии ноҳия, ки дар ҷамоати шаҳраки Ёвон қарор дорад, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои нави иловагиро мавриди баҳрабардорӣқарор дод.

Чунонки зикр гардид, ин бино барои таваллудгоҳи замонавии бо стандартҳои аврупоӣ муҷаҳҳазгардида пешбинӣ шудааст. Ин бинои дуошёна бо таҷҳизоти муосири таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ бо харҷи 14 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон сохта ва таҷҳизонида шудааст. 

Ба иттилои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ин дувумин чунин таваллудгоҳи муосир дар вилояти Хатлон аст. Якумаш ба наздикӣ дар ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфта буд. Ду тои дигар ҳамин гуна таваллудхонаҳо дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Фархор низ дар арафаи ба кор даромадан қарор доранд. Ояндаи наздик ду тои дигар ҳамин гуна таваллудхона бо мақоми вилоятӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа сохта мешаванд. Тибқи барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Федеролии Олмон ҳамин гуна таваллудхонаҳо бояд дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон бояд сохта шаванд. Бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаҳои муосир дар бисёр минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520