Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

12.11.2014 07:55, ноҳияи Ёвон

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омад.

Дар даромадгоҳи ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти ноҳияву вилоят ва масъулини дигар самимона истиқбол гирифтанд. Дар канори роҳи даромадгоҳи ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар ва тариқи ҳашари умумӣ ба бунёди боғи нави дарахтони мевадиҳанда асос гузошта шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як ниҳоли дарахти дарозумри сояафкан шинонда, ба бунёди боғи нав оғоз бахшид. Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо асосан чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳандаи ба иқлими ин мавзеъ мутобиқ шинонда мешаванд.

Зимни ин сафар як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ бо садҳо ҷойи нави корӣ ва як мактабу як бинои иловагӣ дар беморхонаи марказии ноҳия ба кор дароварда шуда, ба оғози сохтмони чанд корхонаи нави саноатӣ бо зиёда аз 2 ҳазор ҷойи корӣ асос гузошта шуд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520