Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

07.11.2014 14:11, Чин

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

Аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои босуръат рушдёбандаи ду кишвари ҳамсоя изҳори қаноат карда шуд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз сатҳи хеле баланд ва пазироии гарми роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон, ки зимни сафари давлатии ӯ ба Тоҷикистон ва ҳамоиши душанбегии Созмони ҳамкории Шанхай моҳи сентябри соли равон зоҳир карда шуда буд, изҳори қадрдонӣ намуд.

Тавре зикр гардид, дар 8 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 40% зиёд аст. Изҳори бовар карда шуд, ки солҳои наздик ин нишондод аз 3 миллиард доллари амрикоӣ мегузарад.

Гуфтугӯйи судманд доир ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои зиёди миёни ду кишвар имзошуда, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Чин барои то соли 2020 сурат гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор дошт, ки се ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон доир ба таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳосозии кишвари худ аз бунбасти коммуникатсионӣ “се ҳадафи стратегии ҳамшарикии Тоҷикистону Чин аст”.

Ба суръатбахшии татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми иҷтисодӣ доир ба кашидани қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин, бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе, роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа, навбати дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Хоруғи роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Кулма-Чин ва корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бунёди корхонаҳои муштараки кӯҳкорӣ, металлургӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва монанди инҳо аз самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодии ду кишвари ҳамсоя номида шуд.

Ҳамчунин ба дурнамои бунёди роҳи оҳани Чин-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон-Халиҷи Форс низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Бо ишора ба афзалияти баланди ҳамгироии амниятии ду кишвар доир ба таҳким ва густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир табодули назар карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 4 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишномаи қолабӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҷудо намудани қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа;

- Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии он;

- Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони корхонаҳои истеҳсоли креолит, алминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар доираи навсозии ширкати Алюминийи Тоҷик.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520