Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон

16.10.2014 09:50, шаҳри Душанбе

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо баргузории маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар ин ҷо ҷузъутомҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва навозандагони оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Меҳмони олимақом  - Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони ҳарду давлат аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва саломи меҳмони олимақом ба сарбозони тоҷик ва ҳамчунин бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо расми гузашти низомии афсарону сарбозони Горди фахрӣ ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстона ва густариши робитаҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520