Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози боздид аз ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон

12.10.2014 10:35, ноҳияи Носири Хусрав

Субҳи барвақт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷамоати деҳоти Баҳори ноҳияи Носири Хусрав ташриф овард.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст оғоз бахшид.

Тибқи лоиҳа, мактаб аз 2 бинои таълимӣ, бинои алоҳида барои толори варзишӣ ва дигар биною иншоот иборат хоҳад буд.

Ин муассисаи нави таълимӣ бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар майдони беш аз 3 гектар дар давоми ду сол бунёд гардида, дорои 26 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла як синфхонаи компютерӣ бо 24 компютер ва дигар синфхонаҳои фаннӣ хоҳад буд.

Мактаб ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ бо 220 ҷойи нишаст, ошхона бо 100 ҷой, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи хониш, майдони футбол ва дигар майдончаҳои варзишӣ хоҳад буд.

Бо татбиқи ин лоиҳа мушкилоти нарасидани ҷойҳои нишаст ва омӯзгорон дар муҳлати кӯтоҳ бартараф хоҳад шуд.

Дар ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии сокинон ва ҳунармандони ноҳия низ дидан кард.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби занони чирадаст намунаҳои зебои зардӯзию гулдузӣ, гилембофию қолинбофӣ ва дигар расму анъанаҳои хоси ин маҳал ба роҳбари давлат муаррифӣ карда шуд.

Аснои боздид ва суҳбати самимӣ Сардори давлат занону модаронро ба омӯзиши ҳунарҳои пурарзиши мардумӣ, равнақи расму оин ва омӯзонидани ҷавондухтарон ҳидоят кард.

Дар ноҳияи Носири Хусрав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба ҷамоати деҳоти Истиқлол ташриф оварда, нахуст дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ бо дастовардҳои соҳа шинос шуд.

Дар ин ҷо беш аз 35 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ноҳияи мазкур истеҳсол мешаванд, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон бо мувофиқ омадани обу ҳаво, деҳқонони ноҳия ҳосили фаровон рӯёндаанд.

Дар натиҷаи истифодаи оқилонаи замин, ки аз ҳидоятҳои пайвастаи Сарвари давлат бармеояд, хоҷагидорон соли равон аз тамоми зироатҳо самараи дилхоҳ ба ласт овардаанд. Хоса дар ноҳия аз кишти пахта, сабзавоту полезӣ натиҷаҳо назаррас мебошанд.

Давоми солҳои охир аз ҳисоби фоидаи софи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 240 трактори нав ва дигар мошинолоти кишоварзӣ харидорӣ шудааст.

Дар ин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни ҳосилғундорӣ дар хоҷагии намунавии деҳқонии Шафоат шинос шуд.

Тавре маълум гардид, хоҷагӣ дар майдони 10 гектар замин ташкил гардида, 9 саҳмдор дорад. Дар заминҳои хоҷагӣ дар майдони 5 гектар пахта ва дар дигар қитъаҳояш зироатҳо корида шудааст.

Тибқи маълумот, хоҷагидорон аз як гектар ба ҳисоби миёна 35 сентнер ҳосили пахта ҷамъоварӣ менамоянд.

Имрӯзҳо дар ноҳияи Носири Хусрав як ҳазору 664 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 650 тои он бо пахтакорӣ машғул мебошанд. Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар 964 гектар кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба истифодаи оқилонаи замин ва гирифтани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои корам ҳидоят кард.

Аснои боздид аз хоҷагии деҳқонии Фатҳиддин, ки аҳли заҳматаш аз кишти сабзавот ҳосили фаровон рӯёнидаанд, сардори давлат ба деҳқонони асил барои мусоидат дар таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар ва афзун намудани қудрати содироти он арзи сипос намуд.

Аз суҳбат бо деҳқони асил Нуралӣ Суюнов аён гардид, ки ӯ аз ҳар га пиёзи барвақтӣ 45 тоннагӣ ҳосил гирифта, дар ҷойи он такроран помидор кишт кардааст ва аз ҳар гектари он 30 тоннагӣ ҳосил гирифтанӣ аст.

Аз масоҳати умумии заминҳои хоҷагии Фатҳиддин дар майдони 7 га пахта, қариб як гектар полезӣ 0,5 гектар сабзавот ва дар 1,5 га боғ бунёд гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520