Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба кор даровардани корхонаи нави коркарди пахта дар ноҳияи Хуросон

08.10.2014 13:51, ноҳияи Хуросон

Дар ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди пахта, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ роҳбари ширкати Водии Заррин Фирдавс Валиев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона бузургтарин чунин корхона дар Тоҷикистон буда, метавонад дар як шабонарӯз 800 тонна ва дар як сол беш аз 60 ҳазор тонна пахтаро коркард намояд. Ин корхонаи азим бо сарфи 31 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар майдони 9 га бунёд ёфтааст.

Дар ин корхона нахи пахта аз чигит бо технологияи навтарини ин соҳа ҷудо карда шуда, бастабандӣ мешавад. Дар ҳар ду дақиқа дар ин ҷо як баста нахи пахта бароварда мешавад.

Ҳоло дар корхона 165 нафар дар ду баст бо кори доимӣ ва моҳонаи миёнаи 1700 сомонӣ таъмин гардидаанд.

Ширкати Водии Заррин ҳамчунин дорои 1000 га замини корами обӣ буда, пахтаи хоҷагиҳои дигарро низ барои коркард харидорӣ мекунад.

Кишоварзони соҳибтаҷрибаи ин ширкат дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа як навъи нави пахтаро бо номи Водии Заррин ҳосил кардаанд, ки аз ҳар гектар замин беш 60 сентнерӣ пахта медиҳад.

Бунёдкорони ин корхона тасмим доранд, ки ояндаи наздик боз як корхонаи равғанкашӣ ва корхонаи коркарди чигити тухмӣ таъсис дода, минбаъд бо бунёди силсилаи корхонаҳои коркарди амиқи нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро аз он ба роҳ монанд.

Дар ҳудуди ҳамин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520