Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.11.2007 14:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 40 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар оғози ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат Сӯҳроб Раҳимов муовини раиси Ширкати саҳҳомии ҳолдингии кушодаи "Барқи тоҷик" таъин карда шуд.

Сипас ҳисоботи Раиси шаҳри Ваҳдат оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ дар соли 2006 ва 9 моҳи соли 2007 шунида шуд.

Чунонки аз гузориши Раиси шаҳр ва ҷавобҳои ӯ ба суолҳои Сарвари давлат бармеояд, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва барномаҳои давлатии барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Ваҳдат беҳбудиро талаб менамояд.

Аз ин хотир ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои марбута ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ дар ин ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки корҳо дар самти барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи боғутокпарварӣ, паррандапарварӣ, парвариши занбӯри асал, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ривоҷ додани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ, ба кор даровардани гармхонаҳо, ҷамъоварии бақияпулиҳои андоз ва маблағҳои фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорони деҳот ҷоннок карда шаванд.

Баъд аз он лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ" ва "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара" ва дар бораи тасдиқи Қоидаҳои тартиби аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани заминҳо қабул гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масоили осорхонаҳо таъкид намуд, ки баҳри ҳифз ва муаррифии осори таърихию фарҳангӣ дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Сипас лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 ва лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як зумра санадҳои қонунгузорӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Зикр гардид, ки мутобиқи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 дар ин мӯҳлат ба иқтисодиёти мамлакат наздики 800 миллион доллари амрикоӣ дар доираи зиёда аз 69 лоиҳаи қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок ҷалб карда мешавад.

Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва қарорҳо дар бораи омодагӣ ва гузаронидани Анҷумани 7-уми ғайринавбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва Конференсияи байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии марбут ба об, Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва Қоидаҳои бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ тасдиқ карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба Анҷумани 7-уми ғайринавбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ки ҳамзамон бо ҷашнҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 1150 - солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ моҳи сентябри соли 2008 баргузор мегардад, ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд дод.

Тибқи дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба Конференсияи байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии марбут ба об, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тобистони соли оянда дар доираи чорабиниҳои Созмони Милали Муттаҳид доир ба даҳсолаи "Об барои ҳаёт" дар шаҳри Душанбе гузаронда мешавад, бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир гардад.

Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин ахбори Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар бораи натиҷаҳои тафтишу санҷишҳо оид ба вазъи истифодабарии заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2005-2007 ва оид ба ҳолати молиявию хоҷагидории ҶСШК "Душанбегаз" шунида шуд.

Тибқи ахбори Директори агентии мазкур вазъи истифодабарии заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Варзоб, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Кӯлоб хеле ташвишовар аст. Танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ дар солҳои 2005-2007 зиёда аз 300 гектар заминҳои корам ғайриқонунӣ барои сохтмони манзил дода шудааст, ки 123 гектари он заминҳои обӣ мебошанд. Таъкид гардид, ки камбудиҳои ҷиддии истифодабарии заминҳо қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба назар мерасад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҷиҳати ба низом даровардани кор дар ин самт аз ҷониби тамоми мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатию ҷамъиятӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд ва ҷавобгарӣ, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноӣ баҳри қонуншиканиҳо дар истифодабарии замин пурзӯр карда шавад.

Дар мавриди ҳолати молиявию хоҷагидории ҶСШК "Душанбегаз" бошад, зикр гардид, ки имрӯз баъди санҷишҳои молиявии агентии мазкур ва андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби масъулини дахлдори Вазорати энергетика ва саноат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазъият дар он хеле беҳтар гаштааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурра бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ба роҳ мондани баҳисобгирии дурусти хароҷоти газ ва ҷамъоварии маблағҳои истифодабарии он ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар фароварди ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масоили омодагӣ ба маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи обии Сангтӯда -1, таъминоти ин ва дигар иншооти стратегӣ ба мисли нерӯгоҳи обии Сангтӯда -2, нақбҳои мошингарди Истиқлолу Шаршар бо семент ва ҳамчунин ба масъалаҳои вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва таҳияи нақшаҳои кории соли 2008 ҷалб намуда, ба аъзои Ҳукумат ва дигар шахсони масъул дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520