Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cафари расмӣ ба Туркманистон

11.12.2007 18:00, Туркманистон

Аз 9 то 11 декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани нахустин сафари расмӣ ва иштирок дар маросими ифтитоҳи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда ва дар конфронси байналмилалии "Дипломатияи пешгирикунанда ва ҳамкории байналмилалӣ" дар Туркманистон қарор дошт.

Тоҷикистону Туркманистонро муносибатҳои дӯстию бародарии анъанавии дорои собиқаи зиёд ба ҳам мепайвандад. Эҳтирому самимияти байни роҳбарият ва мардуми ҳарду кишвар аз ҳар як дидору сӯҳбатҳои сатҳу зинаҳои гуногун аён мегардад.

Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Ашхобод бо шаҳомати хосса дар фазои тантанавӣ ҷараён гирифт.

Ба ифтихори нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Ашхобод бо парчамҳои давлатии ҳарду кишвар ва навиштаҷоти дуруду марҳабо оро ёфта, низомиёни горди фахрии Туркманистон саф кашида буданд.

Аз он ҷо қатори мошинҳои ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии мотосиклҳои роҳбалад ҷониби шаҳри Ашхобод равон шуд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қасри Президенти Туркманистон баргузор гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмонро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов пешвоз гирифт.

Баъди гузориши Фармондеҳи Горди фахрӣ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Ба ифтихори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд.

Баъд аз он роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов аз назди қатори горди фахрӣ гузашт карда, ҷониби Парчами давлатии Туркманистон эҳтиром ба ҷо оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарбозони горди ифтихорӣ арзи салом намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд. Ба маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин корпуси дипломатии муқими Туркманистон даъват шуда буд. Онҳо худро ба меҳмони олиқадр муаррифӣ намуданд.

Сипас мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов баргузор гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро бо ифтитоҳи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда табрику таҳният гуфта, ин рӯйдодро нишонаи болоравии эътибори байналмилалии Туркманистон маънидод кард.

Дар идомаи ин мавзӯъ сарони ду давлат изҳори умед карданд, ки кори пурсамари ин марказ ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими фазои боварӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол менамояд.

"Ягонагӣ ва ё наздикии мавқеи Тоҷикистону Туркманистон оид ба кулли масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ ва вуҷуд надоштани ҳеҷ гуна ихтилофоти сиёсӣ байни ду давлат худ заминаи хуби густариши ҳамкориҳои мо аст", изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Баррасии муфассали масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар мулоқоти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.

Зимни музокироти расмӣ аз робитаҳои пайвастаи роҳбарияти сатҳи олии ду кишвар, вохӯриҳои пурсамари сатҳи вазорату идораҳои дахлдор ва аз муҳайёшавии заминаи мусоиди қарордодию ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Оғози интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон ва таъсис ёфтани комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ аз натиҷаҳои муҳимми кори якҷояи сохторҳои марбутаи ду кишвар дар зарфи чанд моҳи охир арзёбӣ гардид.

Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов таъкид дошт, ки Туркманистон омода аст Тоҷикистонро бо маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ таъмин намуда, аз Тоҷикистон алюминий харидорӣ кунад.

Роҳбарони ду давлат ба комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ дастур доданд, ки баҳри дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили истифодаи босамари захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ, нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, бунёди роҳу пӯлҳо, нақбҳо ва дигар иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ табодули назар карда шуд.

Баъди анҷоми музокироти ҳайатҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов 5 санади муҳим ба имзо расид.

Ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон Абдураҳими Ашӯр ва Сардори Хадамоти давлатии миллии "Роҳҳои ҳавоии Туркманистон" Гурбаняз Тиркишев имзо гузоштанд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ аз ҷониби Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон Абдураҳими Ашӯр ва Муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Гурбанназар Аширов ба имзо расид.

Ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов имзо гузоштанд.

Зери Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ аз саркашӣ аз супурдани андоз аз даромад ва сармоя ва зери Баёнияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов имзо гузоштанд.

Баъди анҷоми маросими имзои асноди ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барои намояндагони сершумори воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои музокироти расмӣ ва ба имзо расидани панҷ санади муҳимми ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар як мӯҳлати кӯтоҳ ду маротиб баргузор гаштани мулоқотҳои роҳбарияти сатҳи олии ду кишварро нишона аз рушди босуръати робитаҳои дӯстию бародарии мардумони тоҷику туркман маънидод карданд.

Бинобар иттилои сарони давлатҳо ҳарду ҷониб оид ба мавриди истифода қарор додани ҳамаи имкону захираҳои ҳамкорӣ, афзоиш додани мубодилаи молу маҳсулот ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ба созиш омаданд.

Таъкид гардид, ки минбаъд ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ таҳкиму густариш меёбанд.

Сарони давлатҳо иттилоъ доданд, ки соли 2008 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва соли 2009 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон гузаронда хоҳанд шуд.

Нимаи дуюми рӯзи 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш ба мавзеи Қипчоқ ташриф оварда, аз мақбараи нахустин Президенти Туркманистон Сапармурат Ниёзов дидан карданд ва дар назди оромгоҳи шодравон гулчанбар гузошта, дуою фотиҳаи нек намуданд.

Дар ҳамин ҷо онҳо ҳамчунин аз масҷиди бузурги ба номи Туркменбошӣ, ки дар толораш 20 ҳазор нафар дар як вақт метавонад намоз хонад, дидан карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди муҷассамаи бошукӯҳи истиқлолияти Туркманистон гулчанбар гузошта, дар гулгашти барои роҳбарони давлатҳои хориҷӣ омодагашта бо ифодаи дӯстии пояндаи мардумони тоҷику туркман як ниҳоли ҳамешасабз шинонд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ҳамчунин аз осорхонаи миллии Туркманистон, ки дар маҷмааи фарҳанги миллии ба номи Туркманбошӣ ҷойгир аст, дидан карданд.

Шоми рӯзи 9 декабр Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба ифтихори нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон зиёфати бошукӯҳи расмӣ орост.

Субҳи рӯзи 10 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод дар маросими ифтитоҳи Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда ва конфронси байналмилалии "Дипломатияи пешгирикунанда ва ҳамкории байналмилалӣ" иштирок намуд.

Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда бо иштироки намояндагони воломақоми СММ ва як қатор кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва атрофи он ифтитоҳ ёфт.

Дар назди бинои он парчамҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва парчами СММ бардошта шуд.

Лентаи рамзиро дар даромадгоҳи бино Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Муовини аввали Муншии кулли СММ Линн Паско бурида, ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд.

Ба ин муносибат дар Кохи Рӯҳиёти Ашхобод конфронси байналмилалии "Дипломатияи пешгирикунанда ва ҳамкории байналмилалӣ" баргузор гашт, ки дар он Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он, ки нахустин маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунандаи СММ дар Осиёи Марказӣ ифтитоҳ меёбад, изҳори хушнудӣ карда, ин рӯйдоди муҳимро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шодбош гуфт.

Таъкид гардид, ки дипломатияи пешгирикунанда, ки тибқи санадҳои дастурии худ бояд ба принсипҳои ғайризӯроварӣ, пешгирӣ ва махфият асос ёбад, метавонад дар роҳи пешгирӣ аз зиддиятҳо ва эҷоди фазои боварию ҳамкорӣ нақши намоён дошта бошад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки ин марказ боз як воситаи хуби дигар дар роҳи ҳаллу фасли масоили вобаста ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, имконоти нақлиёту коммуникатсия ва дигар захираҳои мавҷудаи минтақаи Осиёи Марказӣ мегардад.

Қобили таъкид аст, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувори давлати мо баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи махсус дошт.

Нақши намоёни Тоҷикистон ва сарвару раҳнамои дурандеши он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар суханронии дигар иштирокчиёни конфронс таъкид гардид.

Дар конфронс ҳамчунин Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Муовини аввали Муншии кулли СММ Линн Паско ва намояндагони воломақоми Созмони амният ва амкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ЭКО ва дигар шахсиятҳои намоён суханронӣ намуданд.

Дар ҳошияи ин ҳамоиши минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои гуногуни муносиботи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

"Рушду густариши ҳамаҷонибаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии мо буду ҳаст", изҳори дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Мусоҳибон аз суръату сифати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, таҷҳизи нақби Истиқлол ва сохтмони роҳҳои ба нақби Чормағзак баранда изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо аз паст шудани шиддат атрофи барномаи ҳастаии Эрон ва аз роҳи муқовимату зӯроварӣ ба роҳи дипломатӣ бештар моил гаштани раванди корҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ мусоидат намудан ба барқаросозии баъдиҷангии Афғонистон табодули назар карда шуд.

Дар пойтахти Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Сарвари давлати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Маҷмааи аспҳои навъи Ахалтегини Президенти Туркманистон ташриф оварданд.

Дар ин ҷо намунаҳои беҳтарини аспҳои хушзоти ин навъ ва ҳунари волои аспсаворони туркман ба меҳмони олимақом - Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд.

Дар охири боздид Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як аспи ҷавони хушзоти Ахалтегинро, ки арзиши хеле гарон дорад, тӯҳфа намуд.

Ин амал нишонаи эҳтирому самимияти баланди Роҳбари давлати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маънидод гардид, зеро ки ба андешаи коршиносон чунин тӯҳфа танҳо ба шахсиятҳои олимақом ва хеле муътабару муҳтарами мардуми туркман раво дида мешавад.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чиҳати шиносоӣ бо таҷрибаи бунёди инфрасохтори туризм, рушди иқтисод ва фазои сармоягузорӣ дар Туркманистон ба шаҳри Туркманбошӣ сафар кард.

Дар шаҳри Туркманбошӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои Минтақаи сайёҳии миллии "Аваза" аз наздик шинос шуд.

Субҳи рӯзи 11 декабр боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шиносоӣ бо корхонаи беканори нафттозакунии "Туркманбошӣ", ки бузургтарин корхонаи ин соҳа дар Туркманистон ба шумор меравад, идома ёфт.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки корхонаҳои коркарди нафт дар замони истиқлолияти Туркманистон бо ҷудо гаштани 1,6 миллиард доллари амрикоӣ таҷдиду таҷҳиз карда шуда, иқтидори истеҳсолии онҳо ба маротиб боло бардошта шуд.

Мувофиқи нақшаҳо то соли 2030 корхонаҳои ин соҳа метавонанд дар як сол то 30 миллион тонна нафти хомро коркард намоянд.

Айни ҳол дар корхонаи нафттозакунии "Туркманбошӣ" қариб тамоми анвои маҳсулоти нафтӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар ҳамин ҷо иттилоъ дода шуд, ки тибқи созишҳои байни сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба дастомада аллакай ҳамон рӯз - 11 декабри соли 2007 аз ин корхона нахустин эшелони нақлиёти роҳи оҳан бо кокси нафтӣ сӯйи Ширкати алюминийи Тоҷикистон "Талко" ба роҳ баромад.

Дар шаҳри Туркманбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо инфрасохтори бандари баҳрии Туркманбошӣ низ шинос шуд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки ин бандар дар транзити молу маҳсулоти байни Тоҷикистону кишварҳои ғарб низ нақши муҳим дорад. Танҳо байни Тоҷикистону Озарбойҷон аз аввали соли равон 1,1 миллион тонна борҳои гуногун аз тариқи ҳамин бандар интиқол дода шудааст.

Бо ҳамин боздид барномаи сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ба поён расид.

Бояд тазаккур дод, ки нахустин сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар фазои хеле самимию бародарӣ ва ҳусни ҳамкорию созандагӣ ҷараён гирифт. Ин албатта аз нуфузу эҳтироми баланди Сарвари давлати мо дар ин кишвар ва ҳамчунин аз ояндаи умедбахши робитаҳои пурсамари ду давлат гувоҳӣ медиҳад.

Нимаи дуюми рӯзи 11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари расмии пурмаҳсули худ аз шаҳри Туркманбошии Туркманистон ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520