Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони шаҳрҳои Ваҳдату Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Ёвон ва муовини раиси ноҳияи Хуросон

15.12.2007 10:00, шаҳри Душанбе

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳрҳои Ваҳдату Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Ёвон ва муовини раиси ноҳияи Хуросон тавассути телефон ҳисобот доданд.

Ҳисоботи онҳо оид ба ҷараёни киштукори тирамоҳӣ, таъмини мардум бо маводи сӯхт, барқарорсозӣ ва бунёди боғу токзор, корҳои ободонию созандагӣ ва дигар масъалаҳо шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор оид ба тоза кардани заминҳои пахта аз ғӯзапая ва ба роҳ мондани шудгори тирамоҳии онҳо пурсон шуда, ҷараёни ин корҳоро дар баъзан ноҳияҳои мамлакат нокифоя маънидод кард. Қафомонии киштукори тирамоҳӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои номбурда таъкид гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини мардум, аз ҷумла муаллимон ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо маводи сӯхт, иҷрои буҷети маҳаллӣ, вусъат додани киштукори тирамоҳӣ, ба деҳқонон дастрас намудани техника ва маводи сӯхту молиданӣ ва расондани кӯмак ба маъюбону барҷомондагон, ятимону бепарасторон ва ҳамаи табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи иди Қурбон ба ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд тазаккур дод, ки рӯзҳои минбаъда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути телефон ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳуриро низ оид ба натиҷаҳои кор дар соли равон талаб хоҳад кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520