Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Варзоб, Вахш, Восеъ, Данғара, Рӯшон, Шуғнон ва шаҳри Кӯлоб

18.12.2007 10:00, шаҳри Душанбе

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Варзоб, Вахш, Восеъ, Данғара, Рӯшон, Шуғнон ва шаҳри Кӯлоб тавассути телефон ҳисобот доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз раисони ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Данғара ва шаҳри Кӯлоб оид ба рафти тоза кардани заминҳои пахта аз ғӯзапая, шудгори онҳо ва тезондани кишти тирамоҳии заминҳои корам ҳисобот талаб намуд.

Ҳисоботи раиси ноҳияи Данғара ҳамчунин оид ба рафти азхудкунии заминҳои бекорхобида, вусъат додани кишти ғалладона, истифодаи босамари заминҳои президентӣ, барқарор намудани токзори мавҷуда ва бунёди ангӯрбоғҳои нав шунида шуд.

Раисони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Варзоб дар баробари корҳои кишоварзӣ ҳамчунин оид ба рафти корҳои ободонию созандагӣ ва бунёду нигоҳубини иншооти нави соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, хизматрасонӣ ва инфрасохтори cаёҳату туризм ҳисобот доданд.

Дар ҳисоботи раисони ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон таваҷҷӯҳи махсус ба рушди бахши чорводорӣ ва таъминоти муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо маводи сӯхт зоҳир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳо оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, пешгирӣ аз тақсимоти ғайриқонунии заминҳо барои сохтмони манзил, тезонидани кишти тирамоҳии заминҳои корам, иҷрои буҷети маҳаллӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои сол ва хусусан оид ба расондани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар эҳтиёҷмандон дар арафаи иди Қурбон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520