Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим , раисони вилоятҳои Суғду Хатлон Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути телефон ҳисобот доданд.
Онҳо оид ба таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо маводи сӯхт, ғамхорӣ ба табақаҳои ниёзманди мардум, ҷараёни корҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, натиҷагирӣ аз фаъолияти хоҷагии халқ дар соли сипаришаванда ва доир ба муташаккилона истиқбол гирифтани соли нави мелодӣ ҳисобот доданд.
Қобили таъкид аст, ки бо ҳамин силсилаи навбатии тавассути телефон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот додани раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба поён расид.
Бояд тазаккур дод, ки ҷараёни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фаъол намудани механизмҳои гуногун таҳти назорати пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ҳисоботпурсии телефонӣ яке аз роҳҳои назорат ва чораандешӣ баҳри бартарафсозии саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани корҳо дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат аст.