Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф

28.12.2007 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф бинобар ҳалокати фоҷиавии сарвазири собиқи кишвар хонум Беназир Бҳутто барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Бо андӯҳи бузург ва даҳшат хабари дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расидани сиёсатмадори барҷастаи Покистон, сарвазири собиқ хонум Беназир Бҳутторо дарёфт намудам.

Ин амалиёти ваҳшиёна бори дигар собит месозад, ки терроризм ягон мансубияти хоси милливу мазҳабӣ надошта, як падидаи нанговари глобалиест, ки муттаҳид сохтани кӯшишу талошҳои ҳамаи башариятро тақозо дорад. Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша ҷонибдори муборизаи беамон бо ин зуҳуроти нанговар буд ва ҳаст.

Хонум Бҳутто дар масоили рушди равобити Тоҷикистону Покистон хизматҳои бузург дошт ва ҳамеша барои тавсеа ва таҳкими онҳо талош меварзид.

Хоҳишмандам тасаллиёт ва таъзияи амиқи моро ба наздикони марҳума ва кулли мардуми Покистон бирасонед. Мо ба ғаму андӯҳи Шумо шарик ҳастем.

Инно лиллоҳи ва Инно илайҳи Роҷиъун".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520