Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.12.2007 16:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 40 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат нахуст чанд нафар кадрҳо ба вазифаҳои масъули сатҳи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ таъин гардиданд.

Сипас Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2008 тасдиқ гардида, гузориши Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008" шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" ва Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо назардошти таклифу эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Ҳукумат маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2009" тасдиқ карда шуд. Мутобиқи барнома дар давраи татбиқи он 185 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гашта, 253 ҳазор нафар бо шуғл ва 17,5 ҳазор кас бо омодагии касбӣ ва бозомӯзи фаро гирифта мешаванд.

Хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои як силсила қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Як зумра санадҳои қарордодии ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои ИДМ, се созишнома бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва асноди дигари ҳамкории хориҷӣ тасдиқ карда шуд.

Барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия барои солҳои 2007-2015 тасдиқ карда шуд. Дар барнома омадааст, ки дар соли 2007 содироти алюминийи аввалия 415,1 ҳазор тонна ва маҳсулоти тайёри алюминӣ 6,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи татбиқи барнома ин нишондиҳандаҳо то соли 2015 мутаносибан ба 552 ҳазор тонна ва 48,5 ҳазор тонна хоҳад расид. Дар давраи татбиқи барнома 25 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Айни ҳол Ширкати алюминийи Тоҷик бо зиёда аз 15 корхонаи саноатии ватанӣ ҳамкории истеҳсолӣ ба роҳ монда, ба барқарорсозии қудрати истеҳсолии онҳо ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол намудани маҳсулоти тайёр аз алюминий ва вусъат додани ҳамкории истеҳсолӣ бо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ширкати алюминийи Тоҷик ва дигар идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин қарор дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар" қабул гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор ҷиҳати ҷоннок намудани кори институтҳои лоиҳакашӣ ва идораҳои ташхиси корҳои сохтмон, аз ҷумла сохтмони иншооти гидротехникӣ, беҳ кардани таъминоти моддию техникии онҳо ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Бо қарорҳои дахлдор Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумат ва Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок таъсис дода шуд.

Баъди баррасии масоили рӯзномаи ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масоили ҷамъбасти сол, омодагӣ ба истиқболи соли нав, андешидани чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор, таъминоти моддию техникии хадамоти сӯхторнишонӣ ва наҷотдиҳӣ, омода кардани мутахассисони баландпояи ин соҳаҳо, ба масъалаҳои бартараф намудани мушкилоти бахши пахтакории ҷумҳурӣ ва ҳамчунин ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ҷалб намуда, ҷиҳати ҷоннок кардани корҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар охири ҷаласа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин кулли ҳозирин ва дар симои онҳо мардуми кишварро бо арафаи соли нави 2008 табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон барору комёбӣ таманно намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520