Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муносибати 15 - солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистон

28.12.2007 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муносибати 15 - солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии ҳар ду давлат ба унвони ҳамдигар барқияҳои шодбош фиристоданд.

Дар барқияи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, гуфта мешавад:

"Нурсултон Абишевичи мӯҳтарам, бо камоли қаноатмандӣ Шуморо ба муносибати 15 - солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрик менамоям.

Хурсандиовар аст, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Қазоқистон тӯли солҳои гузашта чӣ дар шакли ҳамкории дуҷониба ва чӣ дар асоси бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногуни муносибатҳои байнидавлатӣ муттасил густариш ёфтанд.

Мардуми тоҷик ба муносибатҳои мавҷудаи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан муфиди халқҳо ва кишварҳоямон баҳои баланд медиҳад. Боварӣ дорам, ки ин муносибатҳо ва ҳамкорӣ густариш хоҳанд ёфт.

Аз ин фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо, Нурсултон Абишевичи мӯҳтарам, саломатии комил, хушбахтӣ, дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳо ва ба халқи бародари Қазоҳистон рӯзгори фараҳмандона ва ободию шукуфоӣ таманно менамоям".

Дар барқияи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфта мешавад:

" Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, лутфан, табрикоти самимонаи маро ба муносибати 15 - солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии кишварҳоямон қабул фармоед.

Тоҷикистон дар давоми 15 соли охир роҳи душвори бунёд ва рушди давлати соҳибихтиёрро аз сар гузаронида, санҷишҳои ҷиддиро рафъ намуда, дар сиёсат ва иқтисод ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Итминон дорам, ки муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон ояндаи калон доранд ва ҷидду ҷаҳди ҳар ду кишвар дар бобати равнақу ривоҷи ҳамкорӣ ва вусъати равобити деринаи халқҳоямон гарави асосии густариши ин муносибатҳо мебошад.

Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо саломатии комил ва дар фаъолияти масъулиятнокатон барору комёбӣ ва ба халқи бародари Тоҷикистон зиндагии фараҳмандона ва шукуфоӣ орзумандам".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520