Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ҳангоми супоридани тӯҳфаҳо ба варзишгароне, ки дар соли 2007 дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд

29.12.2007 11:00, шаҳри Душанбе

Варзишгарони мӯҳтарам!
Дӯстони азиз!

Пеш аз ҳама шуморо ба муносибати соли нави 2008-ум, ки баъди ду рӯз фаро мерасад, табрик намуда, ба ҳамаатон тандурустиву барори кор ва барои дар арсаи ҷаҳон минбаъд низ ба таври шоиста муаррифӣ кардани Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол дастовардҳо ва пирӯзиҳои тоза орзумандам.

Боиси ифтихори ҳар фарди мамлакатамон аст, ки шумо дар соли 2007-ум бо маҳорат ва истеъдоди варзишии хеш дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гаштед ва таҳти парчами давлати соҳибистиқлоли худ баромад намуда, дар баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштед.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи шумо барои кӯшишу талошҳоятон ҷиҳати ҳифзи шарафи варзиши тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Шумо хуб медонед, ки варзиш дар баробари ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Ҳамзамон бо ин, варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи сайёра мебошад.

Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ шумо - варзишгарони азиз, имкон пайдо кардед, ки пайваста дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок намоед.

Дар замони собиқ шӯравӣ Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ нафар чемпиони ҷаҳон дошт, вале дар давраи 16-соли истиқлолият зиёда аз 30 нафар варзишгарони мо ба гирифтани ин унвони баланд мушарраф гаштанд, ки ин боиси ифтихори мову шумо мебошад.

Қобили зикр аст, ки танҳо соли ҷорӣ варзишгарони тоҷик ба гирифтани 180 медал, аз ҷумла 56 медали тилло, 48 медали нуқра ва 76 медали биринҷии мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ мушарраф гардиданд, ки ин нисбат ба соли 2006-ум 54 медал зиёд аст.

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ба ҳаёти солими инсоният хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла нашъаҷаллобию нашъамандӣ, костагии одобу ахлоқ ва ба ҳар гуна ҳаракатҳои номатлуб гаравидани одамон, бахусус ҷавонон таҳдид мекунанд, мо рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани онро аз ҷумлаи корҳои муҳим меҳисобем.

Зеро маҳз тавассути фарогир сохтани варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, яъне оммавӣ гардонидани он мо метавонем барои ҳаёти солим ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам орем.

Бо ин мақсад дар баробари муҳайё намудани тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва барномаҳои ҳукуматӣ қабул карда, онҳоро дар амал татбиқ намуда истодаем. Дар доираи сохтмон ва таҷдиди варзишгоҳҳо ва дигар иншооти варзишӣ, баргузор намудани мусобиқаҳои байналхалқӣ дар кишвар, инкишофи намудҳои варзиши миллӣ ва оммавӣ, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани Рӯзи дави миллӣ, чорабиниҳои бонуфузи варзиши суннатӣ ба ифтихори ҷашнвораҳои бузурги миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ ба оммавӣ гардидани варзиш ва ба тарзи ҳаёти солим раҳнамоӣ кардани мардум такони ҷиддӣ бахшида мешавад.

Дар ду соли охир барои сохтмон ва азнавсозии варзишгоҳҳои марказии пойтахт, инчунин варзишгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Темурмалик аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ қариб дувоздаҳуним миллион сомонӣ сарф карда шуд.

Илова бар ин, ҳоло бо дастгирии бевоситаи давлат варзишгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Рашт, Турсунзода, Данғара ва Норак низ азнавсозӣ ва таъмир шуда истодаанд. Дар шаҳри Хуҷанд бошад бунёди варзишгоҳи нав шурӯъ карда шуд. Ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки барои инкишофи тадриҷии соҳаи варзиш тамоми шароити заруриро муҳайё созад ва ин корро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии худ медонад.

Аз ин рӯ, маблағгузории соҳаро ҳамасола зиёд менамояд. Танҳо дар давоми се соли охир ҳаҷми умумии маблағҳои барои рушди варзиш ҷудошуда чор маротиба афзудааст.

Илова бар ин, барои чорабиниҳои алоҳидаи варзишӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат пайваста маблағ ҷудо карда мешавад.

Чанде пештар, яъне моҳи октябр ҷиҳати омодагии ҳамаҷонибаи дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии Пекин аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 220 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо гардид.

Бо дарназардошти ин, ки бозиҳои олимпии зикршуда имтиҳони ҷиддӣ барои тамоми варзишгарони олам аст, ба роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии Олимпӣ ва федератсияҳои миллии кишвар зарур аст, ки омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарони Тоҷикистонро ба Бозиҳои олимпиадаи Пекин-2008 аз рӯи нақшаи махсуси таҳиягашта таъмин намоянд.

Воқеан соли ҷорӣ аксарияти сокинони мамлакатамон аз комёбиҳои дастаи миллии футболбозони навраси Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ беҳад хурсанд шуданд.

Дар таърихи варзиши кишвар ин даста ба комёбии бесобиқа ноил гардид. Дар айни ҳол дар назди шумо эълом медорам, ки сарпарастии дастаи миллии футболбозони навраси Тоҷикистонро минбаъд Президенти Тоҷикистон ба зиммаи худ мегирад ва итминон дорам, ки он дар оянда ба Тоҷикистон шӯҳрати зиёд меорад.

Ҳамчунин изҳори умедворӣ менамоям, ки варзишгарони мо бо машқи пайваста маҳорати худро боз ҳам такмил дода, дар баробари ишғоли ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, инчунин дар тарғибу ташвиқи варзиш саҳми арзанда мегузоранд.

Барои ноил шудан ба дастовардҳои ҷаҳонӣ, ҳамчунин ба ҳар як варзишгар эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ зарур аст ва мо боварии комил дорем, ки шумо дорои ин хислатҳои наҷиб мебошед.

Бо ҳамин умеду орзуҳо бори дигар шуморо бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфта, бароятон бахту саодат ва пирӯзиву сарбаландиҳо мехоҳам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520