Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.01.2008 18:00, шаҳри Душанбе

Рӯзҳои 25 ва 26 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2007 ва вазифаҳо барои соли 2008 баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нахуст ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар соли 2007 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 12 миллиарду 779,7 миллион сомонӣ расид, ки суръати афзоиши он нисбат ба соли 2006 7,8%-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2006 9,9% ва маҳсулоти кишоварзӣ 6,5% афзоиш ёфт.

Дар кори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ камбудию нуқсонҳои ҷиддӣ низ таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ташкил наёфтани минтақаҳои озоди иқтисодӣ, андешида нашудани чораҳои муассир барои пешгирии болоравии таваррум, кори сусти Агентии давлатии стандартизатсия, сертификатсия ва метрология ва Агентии таъмини амволи махсус, ки дар тобеияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо фаъолият мекунанд, изҳори нигаронӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳо ба роҳбарияти вазорат ва сохторҳои он 6 моҳ мӯҳлат дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки то охири соли равон ҳатман ақаллан як минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил дода шавад.

Зимни ҳисоботи Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти ислоҳоти соҳаи молия, ба тартиботи иқтисоди бозорӣ мутобиқ намудани сиёсати пулӣ, вазъи бозори коғазҳои қиматнок ва банақшагирию назорати иҷрои буҷети давлатӣ изҳори норозигӣ карда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти вазорат як сол мӯҳлат дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2007 изҳори қаноатмандӣ карда, баҳри иҷрои буҷети давлатии соли ҷорӣ, тоза намудани сафи кормандони худ аз нафарони ришвахӯр ва бартараф намудани дигар камбудиҳои мавҷуда ба роҳбарияти ин сохторҳо супоришҳои мушаххас дод. Роҳбарони Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук Ҳаким Солиев ва Гурез Зарипов ӯҳдадор шуданд, ки имсол ба Буҷети давлатӣ яке 600 миллион ва дуюмӣ 300 миллион сомонӣ аз нақша зиёд ворид мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии кишвар баҳри кушодани филиалу оҷонсиҳои худ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, афзун намудани қарзҳо бо соҳибкорони хурду миёна, хусусан соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки як рӯз қабл аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонкҳои тиҷоратӣ барои тақвият бахшидани имконияти қарздиҳии онҳо 110 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Таъкид гардид, ки аз ин маблағ ва сармояи барои қарздиҳӣ аз институтҳои байналмилалии молиявӣ ҷудошаванда пеш аз ҳама ба хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ бо 12 фоизи баргардонӣ қарзҳо дода шавад.

Зимни ҳисоботи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки назорати фаъолияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, истифодаи босамари маблағҳо ва иҷрои босифати корҳо ба зиммаи ин кумита вогузор карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Кумитаи давлатии омор изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти он ҷиҳати ҷалби грантҳо, баҳисобгирии аҳолӣ, фонди манзил ва чорвои ҷамъиятию хусусӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар фаъолияти Вазорати энергетика ва саноат, корхонаҳои давлатии "Барқи тоҷик" ва "Тоҷикгаз" танҳо аз ташкили нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ қаноатмандӣ изҳор карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз истифода нашудани иқтидори корхонаҳои саноатӣ, бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ, суръат ва сифати пасти корҳои ҷустӯҷуӣ ва истихроҷ дар конҳои гази ҷумҳурӣ, танзими нокифояи оби обанборҳо, барқарорсозии сусти марказҳои истеҳсоли гармӣ ва нерӯи барқ изҳори нигаронӣ карда, баҳри пурра барқарор намудани марказҳои истеҳсоли гармӣ ва нерӯи барқи Ёвон ва шаҳри Душанбе ба Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, роҳбарони корхонаи давлатии "Барқи тоҷик" Шарифхон Самиев ва "Тоҷикгаз" Фатҳиддин Мӯҳисиддинов ва ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки маркази истеҳсоли гармӣ ва нерӯи барқи минтақаи ҷанубу ғарбии пойтахт то зимистони соли оянда пурра барқарор карда шавад. Дар ҳамин мӯҳлат иқтидори барқистеҳсолкунии маркази Ёвон ба 300 мегаватт расонда шавад.

Дастур дода шуд, ки нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ ду баробар зиёд карда, воридоти дизелҳои барқистеҳсолкунанда аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шавад.

Ба Вазири энергетика ва саноати чумҳурӣ Гул Шералӣ ва Раиси корхонаи давлатии "Барқи тоҷик" Шарифхон Самиев барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳа 6 моҳ мӯҳлат дода шуд.

Дар фаъолияти Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат аз камшавии истеҳсоли ғалладона, нокифоягии корҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ ва дигар самтҳо изҳори норозигӣ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти Агентии давлатии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ аз қонуншиканиҳо дар тақсимот ва гурӯҳбандии заминҳо ва ҳолатҳои зиёди коррупсия изҳори нигаронӣ кард.

Ба Вазири мелиоратсия ва захираҳои об Саиди Ёқубзод ҷиҳати вусъат додани азхудкунии заминҳои бекорхобида тариқи обёрӣ, паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва тармиму фаъолгардонии истгоҳҳои барқии обкашӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Аз Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Абдураҳим Ашӯр баҳри баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ, таҷдид ва сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои мошингард, истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои лоиҳаи инвеститсионӣ, ба кор ҷалб намудани кормандону мутахассисони маҳаллӣ ва суръат бахшидани таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе- Рашт-Ҷиргатол-Саритош талаб карда шуд.

Ба роҳбарони корхонаҳои давлатии "Роҳи оҳани тоҷик" ва "Тоҷик Эйр" Амонулло Ҳукумов ва Ҳокимшо Тиллоев ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, нав кардани воситаҳои нақлиёт, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ бо ширкатҳои хориҷӣ, ва мусоидат ба ширкатҳои ватании ҳавопаймоӣ ва тармиму таҷдиди фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дастуру ҳидоятҳои муҳим, ҳамчунин баҳри беҳдошти корҳо ва рақобатпазирии корхонаҳои "Точиктелеком" ва "Почтаи тоҷик" дода шуд.

Ба Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, босамар ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ба соҳа ҷудогашта, чопи босифати китобҳои дарсӣ, зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ, мусоидат ба бунёду кушодани мактабҳои хусусӣ, таҳияи дурусти лоиҳаҳои инвеститсионӣ, иҷрои шартномаҳои байни донишҷӯён бо муассисаҳои олии таълимии омӯзгорӣ барои ба ҷои таъиншуда ҳозир шудани онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани қарзи нафақа, беҳдошти кори комиссияҳои таъин ва пардохти ҷубронпулиҳои истифодаи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат ва комиссияи ташхиси маъюбӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, дуруст ба роҳ мондани кори омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, ҳунаромӯзии занону духтарон ва истифодаи босамари маблағҳои соҳа чораҳои муассир андешанд.

Ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар истифодаи маблағҳои ба соҳа ҷудогашта, бартараф намудани ҳолатҳои қаллобӣ дар хариду воридоти таҷҳизоти гаронарзиши тиббӣ, доруворӣ ва ислоҳи дигар камбудиҳои ҷиддӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Роҳбарияти Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва барқарор намудани маблағҳои ғайримақсаднок истифодашуда чораҳои муассир андешад.

Нимаи дуюми рӯз ҳамчунин ҳисоботи раисони кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва кумитаи кор бо занон ва оила, роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, корҳои дохилӣ, мудофиа, Кумитаи амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати маводи нашаовар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ҳамчунин Прокурори генералӣ, Раиси Шӯрои адлия, Раиси Кумитаи телевизион ва радио, роҳбарони Муассисаи давлатии телевизиони "Сафина", Агентии миллии иттилоотии "Ховар", рӯзномаҳои расмӣ, Агентии давлатии сохтмон ва меъморӣ, Корхонаи давлатии "Тоҷик семент", Саридораи геология, Идораи бойгонӣ, Ширкати алюминии тоҷик, ҷамъияти "Тоҷикматлубот" ва Корхонаи давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" шунида шуд.

Ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар рӯзи дуюми маҷлис шунида шуд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳисобот дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он асосан аз вуҷуд доштан ва афзоиши бақияпулиҳои андоз, иҷрои нокифояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, таҳия ва қабул нагаштани нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо, тақсимоти ғайриқонунии заминҳо барои сохтмони манзил ва аз дигар камбудиҳои ҷиддӣ изҳори нигаронӣ намуд.

Бо сабаби роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ва ноуҳдабароӣ раисони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Зафарободи вилояти Суғд аз вазифа озод карда шуданд.

Раисони ноҳиҳои Ғончӣ, Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳ барои ба даст овардани нишондодҳои дилхоҳ дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷрои босамари вазифаҳои хизматии худ сазовори сипосу миннатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гаштанд.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони шаҳру ноҳияҳои он ҳисобот доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи нокифояи роҳбарияти вилоятро дар сохтмон ва тармиму таҷҳизи муассисаҳои соҳаи маориф, ҳиссаҷудокунии кам аз буҷетҳои маҳаллӣ ба ин соҳа ва сустии корро дар самтҳои сабзавоткорӣ, парвариши геран ва ниҳолҳои ситрусӣ таъкид намуда, ба онҳо ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият дар ҳама соҳаҳо ва хусусан дар самарабахш амалӣ намудани механизми нави маблағгузории соҳаи пахтакорӣ ва эҳё намудани ин бахши стратегии соҳаи кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти раисони ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Шӯрообод, шаҳри Сарбанд ва хусусан аз фаъолияти ибратбахши роҳбарию ташаббускории раиси ноҳияи Шаҳритус Холмурод Раҳмонов изҳори қаноатмандӣ намуд.

Фаъолияти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои он мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор гирифт. Тавачҷӯҳи махсус ба масоили таъминоти аҳолии пойтахт бо барқ, гази табиӣ, гармӣ ва умуман ба вазъи ногувори ба сардиҳои гушношунид вобаста зоҳир гардид.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҷиҳати азхудкунии маблағҳои зиёди ҷудошуда, обёрикунии заминҳои бекорхобида, бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ ва ғамхорӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ дастуру супоришҳо дод.

Ин қисмати маҷлиси Ҳукумат бо шунидани ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ анҷом ёфт.

Баъди ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи кишварро дар соли 2007 мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор дод ва вазифаҳоро барои соли 2008 муайяну мушаххас намуд.

Дар охири маҷлиси ҷамъбастӣ қарорҳои натиҷавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озод ва таъин намудани кадрҳо қироат карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520