Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақшаҳои азими ду кишвари ҳамсоя ва имкони воридшавии 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон

13.09.2014 18:48, шаҳри Душанбе

Нимаю дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин расман оғоз бахшиданд. Мавриди зикри хос аст, ки дар рафти сохтмони ин иншоот ва татбиқи амалии ҳамаи санадҳои миёни ду кишвар ба имзорасида ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид мешавад.

Сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя-Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин нахуст ба маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе ташриф оварда, агрегати дуюми навбати аввали онро бо пахши тугма ба кор дароварданд. Бо фаъол гардидани агрегати дуюм иқтидори барқии ин марказ ба 100 мегаватт баробар шуд.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони навбати дуюми ин маркази барқу гармидиҳӣ оғоз бахшида шуд.

Дар сурати сохта ба кор дароварда шудани навбати дуюм, ки иқтидораш, тибқи лоиҳа 300 мегаватт аст, иқтидори пурраи барқии ин иншоот ба 400 мегаватт баробар хоҳад шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин оғози татбиқи ин тадбири муҳимро барои кулли мардуми Тоҷикистон, ба хусус сокинони шаҳри Душанбе, табрику таҳният гуфта, ин иншоотро яке аз парчамбардорони ҳамкории ду кишвар дар соҳаи энергетикаи барқӣ номиданд.

Сипас сарварони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ҳамроҳ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими бошукӯҳи оғози сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, дарозии ин хатти газ дар ҳудуди Тоҷикистон 400 км буда, дар сохтмони он беш аз 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоӣ харҷ мешавад. Дар ҷараёни сохтмони ин иншооти азим, ки 3 сол идома меёбад, беш аз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин мешаванд ва аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Дар 47 мавзеи масири сохтмон ба дарозии умумии 76 км нақбҳо канда мешаванд, ки 24-тоаш аз зери об мегузарад.

Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ-геологии ширкати давлатии нафту гази Чин (CNPC) ва шарикони дигари он дар Тоҷикистон натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд ва мо дар ояндаи наздик соҳиби газу нафти фаровони худӣ мешавем.

Бо ёдоварӣ аз 16 санаде, ки имрӯз миёни Тоҷикистону Чин ба имзо расид, иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни татбиқи онҳо беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520