Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи маҷааи корхонаҳои истеҳсолии хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук ва полиграфия

05.09.2014 14:34, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук ва полиграфия ва Маркази савдои Пойтахт-90 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар ҳарду иншоот қариб 2 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Маҷааи корхонаҳои истеҳсолии хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук ва полиграфия, ки аз ҷониби ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фароз” бунёд ёфтааст, аз терминали гумрукӣ, мактаби ронандагӣ, толори варзишӣ, маркази муоинаи техникии автомобилӣ, маҷмааи нашриётӣ-полиграфӣ, ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва фурӯшгоҳ иборат буда, дар қисмати ҷанубии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар ҳамаи корхонаҳои ин маҷмаа беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ин маҷмаа дар заминаи собиқ пойгоҳи автомобилии “Тоҷиквнештранс”, ки вайрону валангор шуда, солҳои зиёд бекор хобида буд, аз нав бо харҷи беш аз 100 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо навтарин технакаю таҷҳизот ва технологияҳои гаронарзиши ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки биною иншооти барои мақомоти гумрук, раёсати ҳамлу нақли Вазорати нақлиёт, хадамоти фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдо, шуъбачаи бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва бозрасии давлатии автомобилӣ пешбинишуда ҳам аз ҷониби ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фароз” бунёд ёфта, бо тамоми техникаю таҷҳизот ва лавозимоти ин соҳаҳо ба онҳо ройгон пешниҳод шудааст. Ин аст, ки кори ин маҷмаа “намунаи олии шарикии давлат ва бахши хусусӣ” номида шуд.

Чунонки зикр гардид, терминали гумрукии байналмилалии автомобилии шаҳри Душанбе бо мақсади густариш додани ҳамлу нақли байналмилалии бор бо воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва баланд бардоштани иқтидори транзитии кишвар, бунёд гаштааст.

Бартарии терминали мазкур дар минтақаи ҷойгиршавӣ ва пайвастшавии он бо шоҳроҳҳои асосии ҷумҳурӣ ва минбаъд бо шоҳроҳҳои магистралии байналмилалӣ мебошад.

Терминали мазкур бо принсипи хизматрасонии «Равзанаи ягона» фаъолияти худро ба роҳ монда, дар равзана мақомоти гумрук, хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдо, хазинаи шуъбачаи бонки давлатии «Амонатбонк» барои осон намудани хизмат ба мизоҷон дар як ҷо фаъолият мекунанд.

Терминал ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонии хизматрасонии гумрукӣ ҷавобгуй аст, зеро он дорои иншооти асосӣ ва ёрирасони гумрукӣ, базаи электронии ягонаи иттилоотӣ, тарозуи электронӣ бо иқтидори вазнкашии то 120 тонна, таваққуфгоҳи васеъ барои исти шабонарӯзии воситаҳои нақлиёти боркаш, амборҳои нигоҳдории муваққатии гумрукӣ, меҳмонхона барои то 35 нафар, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра мебошад.

Мактаби ронандагӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ ба монанди дастгоҳҳои машқии компутерӣ, симуляторҳои воситаҳои нақлиёт ва лавҳаҳои интерактивӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд, ки омӯзиши воситаи нақлиёт ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба шунавандагон бо сатҳи баланди касбӣ имконпазир мегардонад ва барои омода намудани маҳорати касбии ронандагӣ мусоидат менамояд. Дар мактаби ронандагии мазкур мутахассисони баландихтисос кору фаъолият намуда, он бо воситаҳои нақлиётии автомобилӣ барои омӯзиши курсҳои ронандагии дараҷаҳои “В”, “С”, “D” ва “E” таъмин шудаанд. Бо назардошти синфхонаҳои таълимӣ дар ин мактаб дар як курси омузишӣ то 120 шунаванда омӯзонда мешавад.

Толори варзишии маҷмааи мазкур бо дастгоҳҳои замонавии обу тоби бадан ва шароит барои варзишгарон ҳангоми машқгузаронӣ, аз қабили ҳамом, ҷой барои истироҳат ва дигар утоқҳо муҳайё карда шудааст. Дар толори варзишӣ тренерҳои варзида кор мекунанд, ки ба машқгирандагон тартиби кори дастгоҳҳо ва ба ҳар як нафар усули машқии ба ӯ мувофиқро тавсия медиҳанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки толори варзишӣ ва ҳаммом ба хоҳишмандон аз мардуми атроф низ бояд хизмат расонанд. Ғайр аз ин, бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки аз ҷониби ин ширкат як ҳаммоми калони ҷамъиятӣ бо шароити муосири хизматрасонӣ алоҳида сохта шавад.

Маркази муоинаи техникии мошинҳо бо таҷҳозоти замонавии истеҳсоли олмонӣ барои муайян намудани ҳолати техникии воситаи нақлиёти автомобилӣ муҷҷаҳаз шуда, ҳама ҳолати кории воситаи нақлиётро муайян менамояд. Мақсад аз ташкили маркази муоинаи техникии автомобилӣ дар он мебошад, ки бо усули равзанаи ягона ҳангоми ташхиси ҳатмии техникии автомобилӣ аз ҷониби кормандони вобастабудаи мақоми давлатӣ ба монанди Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, корхонаи давлатии “Тоҷиксуғурта” ва бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, фаъолиятро дар ин самт якҷоя пеш мебаранд, ки дар натиҷа мушкилии ронандагон хеле осон мешавад. Дар ин марказ дар як рӯз зиёда аз 100 адад мошини сабукрав аз муоинаи техникӣ гузаронда мешавад.

Ошхонаи маҷмаа, ки 120 ҷойи нишаст дорад, шабу рӯз фаъолият намуда, ба кормандону меҳмонони маҷмаа хизмати босифат пешниҳод менамояд. Хӯрока дар ошхона дар шароити хуби санитарию гигиенӣ омода мешавад.

Нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ барои таъмин намудани сӯзишворӣ ба воситаҳои нақлиёт бо фаъолияти шабонарузӣ пешбинӣ шудааст.

Яке аз муҳимтарин корхонаҳои ин маҷмаа чопхонаи нашриётию полиграфии Ганҷ мебошад, ки ба рушду нумӯъ додани саноати полиграфӣ дар ҷумҳурӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли тамоми маводи чопӣ дар дохили кишвар нигаронда шудааст.

Тавре маълум аст, ҳоло аксари молу маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла дафтару китоб ва маҷаллаҳои зебои мусаввар берун аз кишвар интишор мегарданд ва маблағҳои хеле зиёд, аз ҷумла маблағҳои буҷетӣ ба берун мераванд.

Маҷмааи нашриётию полиграфии Ганҷ бо таҷҳизоти ҳозиразамон метавонад талаботи бозори дохилиро пурра таъмин намояд, зеро дар ин ҷо имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 20 миллион адад китоб ва молу маҳсулоти дигар аз чоп барояд. Гузашта аз ин, маҳсулоти чопии ин корхона бо сифати аъло ва нархҳои аз маводи воридотӣ арзонтар ба харидорон пешкаш мегардад.

Таҷҳизоти муосир баъд аз омӯзиши таҷриба ва дастовардҳои нашрияҳои кишварҳои аврупо аз ширкатҳои бонуфуз, ки дар ҷойи аввал дар аврупо ва ҷаҳон дар ин соҳа меистанд, фармоиш ва бо маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст.

Ин таҷҳизот сохти ширкатҳои КЁНИНГ ВА БАЙЕР –и Олмон, МЮЛЛЕР МАРТИНИ- и Австрия, ҲОРИЗОН ИНТЕРНЕШНЛ – и Ҷопон, ҲЮЛЕТТ ПАККЕРД-и ИМА, КОНИКА МИНОЛТА-и Япония ва ЛАЙНОМАТИК – и Ҳиндустон мебошанд. Таҷҳизоти мазкур имкон медиҳад, ки табъу нашри ҳама намуди молу маҳсулоти чопию пластикӣ, аз ҷумла шаҳодатномаҳои гуногун ва бланкҳои коргузорӣ бо сифати баланд ба роҳ монда шавад. Дар ин ҷо банерҳои паҳноияшон то 3,5 метр ҳам бо сифати аълои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам навиштаҷоти болои либосворӣ чоп мешаванд. Инчунин барои тайёр намудани китобчаҳою дафтарҳои ҷолибу рангини диққатҷалбкунанда барои кӯдакону наврасон бо мутахассисони соҳаи адабиёт, санъат, ҷуғрофию ботаникӣ, табиатшиносӣ, хоҷагии қишлоқу растанию наботот шартнома ба имзо расонда шуда, кор дар ин самт алакай ба роҳ монда шудааст.

Дар нашрия зиёда аз 60 нафар шаҳрвандон соҳиби кори доимии гашта, мутахассисон бо музди миёнаи 2000 сомонӣ таъмин мегарданд.

Дар дохили иншоот ҳамчунин фурӯшгоҳи молу ашёи ниёзи мардум сохта шудааст, ки барои фурӯши маҳсулоти чопӣ бо нархи арзонтар ва дигар молу ашёи ниёзи мардум пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ бо намоишгоҳи маҳсулоти чопӣ, ки дар чопхонаҳои гуногуни мавҷуда ба табъ расидаанд, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон китоби Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон тақдим гардид, ки бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар ҳамин чопхонаи нав чоп шудааст.

Дар ин намоишгоҳ ва ҳам дар даромадгоҳи чопхонаи нави Ганҷ бо расму мусаввараҳо таърихи ин соҳа ва рушди давра ба давраи он аз солҳои 20-уми асри гузашта то ба рӯзҳои мо инъикос ёфтааст, ки таҷассумгари пешрафти намоёни ин соҳа дар Тоҷикистон аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла аз шарикии босамари ин ширкати хусусӣ бо мақомоти хизматрасонии давлатӣ, муҳайёшавии беш аз 300 ҷойи кории доимӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати воридотивазкунанда изҳори хушнудӣ карда, ба ташаббускорони бунёди ин корхонаҳо сипосу миннтадорӣ баён намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520