Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷҷуҳ ба корхонаи парвариши гулмоҳӣ дар дараи Ромит

28.08.2014 15:26, шаҳри Ваҳдат

Дар дараи Ромит Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи парвариши гулмоҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои ривоҷу равнақ додани ин соҳаи сердаромад ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Чунонки иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳавзҳои сунъии ин корхона беш аз 15 ҳазор дона гулмоҳӣ ва 50 ҳазор моҳичаи хурд парвариш меёбанд. Дар ин ҷо 6 намуд гулмоҳӣ мавҷуд аст, ки 2 намудаш дарёии маҳаллӣ мебошад. Аз ҳама зебо гулмоҳии зарди тиллоранг аст.

Аз аввали соли равон аз ин ҷо беш аз 3 тонна гулмоҳӣ ба бозор пешниҳод шуда, ҳоло 15 тоннаи дигар барои фурӯш омодааст. Ҳар килограми моҳӣ бо нархи 50 сомонӣ ба мизоҷон пешниҳод мешавад. Як гулмоҳӣ аз 2 то 5 кг вазн дорад.

Корхона ҳамчунин инкубатори худро дорад, ки дар он аз тухм моҳича бароварда мешавад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520