Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии Шоразми болои шаҳри Ваҳдат

28.08.2014 14:42, шаҳри Ваҳдат

Дар деҳаи Бомғураи дараи Ромит Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии Шоразми боло шинос шуда, аз ҷумла ғаллакорию сабзавоткорӣ, кишти такрорӣ ва умуман истифодаи босамари заминҳои обии корамро дар ин ҷо “намунавию ибратбахш” номид.

Тавре зикр гардид, ин хоҷагӣ дорои 307 гектар замини корам буда, аҳли заҳмати он аз 100 га ғаллаи обӣ ба ҳисоби миёна 65 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд ва дар 70 га пас аз ҷамъоварии ҳосили ғалладона кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд. Чунонки аён гардид, деҳқонони пуртаҷрибаи ин хоҷагӣ дар як замини кишти такрорӣ то се намуди зироатро корида, аз ҳар яки он ҳосили дилхоҳ мегиранд. Барои ин се зироате интихоб мешавад, ки ба нашъунамои ҳамдигар монеъ намешаванд, балки мусоидат мекунанд, аз ҷумла ҷуворимакка, бодиринг ва лубиё.

Хулласи калом кулли заминҳои корами ин хоҷагӣ пурсамар истифода мешаванд. Чунонки иттилоъ доданд, аз ҳар га картошкаи барвақтӣ ба ҳисоби миёна 220 сентнерӣ ва аз пиёзи кишти асосӣ 450 сентнерӣ ҳосил мегиранд.

Дар ҳамин ҷо намунаҳо аз ҳосили ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, лӯбиёгиҳо, меваҳои шаҳдбор ва асали дараи овозадори Ромит ба маъраз гузошта шуда буд, ки бозгӯй аз заминҳои ҳосилхези ин минтақаи зебо ва заҳмати хастагинопазири мардуми он аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо деҳқонону боғпарварони дар ин ҷо ҳузурдошта бевосита суҳбат карда, ба натиҷаҳои кори онҳо баҳои баланд дод ва барои боз ҳам баланд бардоштани самарабахшии корҳои кишоварзӣ пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520