Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи шифохонаи муосири хусусӣ дар дараи Ромит

28.08.2014 10:22, шаҳри Ваҳдат

Дар навбати дуюм Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба дараи зебоманзари Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Тангаӣ шифохонаи хусусии Парасторро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Чунонки аён гардид, ин шифохонаи зебою муосир бо 100 кати хоб барои беморон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холиқов сохта шудааст.

Бинои шифохона дуошёна буда, барои бунёдаш 11 500 000 сомонӣ масраф шудааст. Дар рафти корҳои сохтмони 200 нафар бо кор машғул буд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур наздики 100 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Ҳоло ин шифохона дорои шуъбаҳои умумитиббӣ ва кӯдакона буда, барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба наздики 80 ҳазор аҳолии 4 ҷамоати деҳоти воқеъ дар дараи зебои Ромит пешбинӣ шудааст. Соҳибкор Акрам Холиқов тасмим дорад, ки оянда дар паҳлӯи ин бино ҳамчунин як бинои сеошёнаи дигар барои шуъбаи муосири ҷарроҳӣ бунёд намояд. Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор уҳдадор шуд, ки оянда то ба 50 нафар маъюбони ин минтақа ройгон хизмат расонанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор Акрам Холиқов барои ин иқдоми наку арзи сипос карда, ташаббуси ӯро намунаи ибрат номид.

Мардуми деҳоти атроф аз ин иқдоми ин соҳибкори маҳаллӣ басо шоду масрур шудаанд, зеро шифохонаи қаблии ин минтақа кайҳо кӯҳнаю фарсуда шуда будааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520