Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар чорабини идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар ш. Хуҷанд

23.08.2014 11:48, шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳри Хуҷанд омад.

Чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар ин майдони фарох дар масофаи қариб як километри кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд кишоварзони зарофар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анвои гуногуни харбуза, маҳсулоти замбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи намоишгоҳ бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти ҳамаи соҳаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи матлубот ва Иттиҳодияи «Хӯрокворӣ»-и вилоят ва соҳибкорони шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

Дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза» кишоварзони 10 шаҳру ноҳияи вилоят ва «Иди асал» - Ассотсиатсияҳои замбӯрпарварони вилоят ва 12 шаҳру ноҳия бо дастовардҳои худ иштирок намуданд.

Ба «Иди асал» 15 тонна маҳсулоти соҳа, аз ҷумла навъҳои гуногуни асал, прополис ва ғайра бо банду баст тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида пешниҳод гардид.

Дар ҷойи баргузории «Иди асал» хаймаҳо, нуқтаҳои гирифтани асал, ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.

Тавре зикр гардид, аз соли 2005 ба ин сӯй, яъне аз давраи қабули барномаи давлатии рушди парвариши занбӯри асал шумораи оилаҳои замбур, адади замбурпарварон ва ҳаҷми маҳсулоти он қариб ду баробар афзудааст.

Ба «Сайри харбуза» зиёда аз 20 навъи ин маҳсулоти шаҳдбор, 5 навъи тарбуз ва 10 навъи каду пешниҳод шуд.

Дар ҷойи баргузории «Сайри харбуза» пирамида, хаймаҳо, чайла, катҳои миллӣ, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, маҳсулоти аз харбуза коркардшуда дар маъраз буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаровони маҳсулоти асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лӯбиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ аст, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол ба сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб қудрати содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад. Аз ҷумла зикр гардид, ки Тоҷикистон метавонад дар бозори ҷаҳонии асал ва меваю сабзавот, аз ҷумла бо зардолу ва олуи сиёҳи хушк, мавизи кишмиш, харбуза, ангур, помидору бодиринг, пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгоҳи намоён дошта бошад.

Дар доираи баргузории «Сайри харбуза» озмун ва мусобиқаҳо бо шарту шароити шавқовар гузаронида шуд. Аз ҷумла озмуни зуд хӯрдани харбуза миёни ҷавонон басо ҷолиб буд. Бозии шавқовари дигар бо тарбузу харбуза шашкабозӣ кардан буд, ки дар он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок намуд.

Устодони санъати вилоят ва ҷавонону наврасони ҳаваскор намоиши ҷолиби фарҳангӣ пешкаш намуданд.

Ба намоиш-фурӯш зиёда аз 50 номгӯй маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми қариб 300 тонна ворид гардид. Танҳо тарбузу харбуза беш аз 50 ҳазор дона буд. Ҳамаи ин маҳсулот бо нархҳои 50-60% аз бозор арзон ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуд.

Барои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд, ки ба намоишгоҳ омаданд, оши палаву дигар хӯрокҳои миллӣ омода шуда буд, ки ҳама ба таври ройгон ба мардум пешниҳод шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520