Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба кор даровардани Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофию атласбофии дастӣ дар корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк»

21.08.2014 15:34, шаҳри Хуҷанд

Дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ, ки маҳсулоташ дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бешумор дорад, ба кор дароварда шуд.

Ин тадбири муҳим дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба эҳё намудани истеҳсолоти хонагии занону духтарон, ҳунарҳои милии  дастӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, кам намудани сафи занони муҳоҷир, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманду хонашин амалӣ шуда, боиси шодию  нишоти шавқмандони ин соҳа гардидааст.

Роҳандозии ин кори манфиатбахш чун иқдоми шоистаи навбатӣ пас аз ташкили қолинбофии дастӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифт. 

Дар назди Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҳунари мардумии адрасбофию атласбофии дастии корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд 15 дастгоҳи дастӣ васл гардидааст.

Барои бо сифати баланд истеҳсол намудан ва минбаъд ба аҳолӣ ва хориҷи кишвар содир намудани адраси дастибоф  7 мутахассиси соҳибтаҷриба аз ноҳияи Рӯдакӣ даъват карда шудаанд, ки давоми 2 моҳ ба занону духтарони вилоят касби адрасбофии дастиро меомӯзонанд. Баъди 2 моҳи омӯзиш ва супоридани имтиҳон ба хатмкунандагон шаҳодатнома дода мешавад. Тибқи нақшаи роҳбарияти корхона марҳила ба марҳила ин намуди ҳунари мардумӣ дар ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва хонаҳо ташкил карда хоҳад шуд.

Барои рушди ҳунарҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, адрасбофию атласбофӣ ва ҳавасманд гардонидани бонувони ҳунарманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи умумии 200 ҳазор сомонӣ грант ҷудо карда шуда, 3 нафар бонувони ҳунарманди вилоят бо пешниҳоди лоиҳаи худ оид ба таъсиси коргоҳи адрасбофӣ ҳар яке сазовори грант ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ гаштаанд.

Ҳамчунин барои рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи истеҳсолоти хонагӣ тибқи қарори Раиси вилояти Суғд озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» эълон карда шуда, барои қадршиносии ғолибон аз буҷаи вилоят  70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Дар корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни навсозӣ ва афзунсозии иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди пилла бевосита шинос шуда, барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин корҳо ба роҳбарияти корхона дасутуру ҳидоятҳои судбахш дод.

Тавре иттилоъ доданд, иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 500 тонна пиллаи хушк дар як сол мебошад.

Соли равон дар вилоят 750 тонна пилла истеҳсол гардида, аз он қариб 400 тоннааш аз ҷониби корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» харидорӣ шуда,  мавриди коркард қарор гирифтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки истеҳсоли солонаи пилла дар вилоят ба 1,5 ҳазор тонна расонда шавад ва ҳам иқтидори корхонаи «ТВ-Силк» низ афзун карда шавад, то ки дар он беш аз 500 нафар, пеш аз ҳама занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гарданд. Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ин корхона 200 кас бо кор таъмин шудаанд.

Роҳбарияти корхона аз иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷорӣ намудани боҷи гумрукӣ аз содироти пиллаи коркарднашуда изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин амал  имкон медиҳад тамоми пиллаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар корхонаҳои ватанӣ коркард шавад.

Маҳз ҳамин иқдоми Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳибкори ватанӣ Муқим Неъматовро водор намуд, ки ба навсозии корхонаи коркарди пилла ва таъсиси Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофию атласбофии дастӣ камар бандад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520