Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии ҶДММ «НАНО-ТЕХ-М»

21.08.2014 10:31, шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «НАНО-ТЕХ-М», ки дар масоҳати умумии 1 гектар замин дар маҳаллаи 17-ум қарор дорад, ифтитоҳ ёфт.

Муассиси корхонаи мазкур соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Аюбов мебошад.

Корхонаи мазкур асосан бо истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, ташхиси лаборатории масолеҳи сохтмонӣ, борпеч кардани семент (халта кардан) дар ҳаҷми 40 тонна дар як шабонарӯз, ба андозаҳои гуногун майда кардани санг, хизматрасонӣ бо мошинҳои махсус дар самти ба фармоигарон расондани маҳсулот ва ғайра мебошад.

Барои анҷоми чунин корҳо корхона дорои 5 адад нақлиёти бетонкашон, 1 мошини сементкашон, 1 мошин барои рехтани бетон ба баландии то 40 метр, 2 мошини боркаш, 1 мошини боркунанда, 1 кран-монипулятор ва дигар техникаю таҷҳизот мебошад.

Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ин корхона зиёда аз 100 нафар бо корӣ доимӣ ва маоши миёнаи 800 сомонӣ дар як моҳ таъмин шудаанд.

Барои кормандон дар ҳудуди корхона ошхонаи замонавӣ бо 100 ҷои нишаст сохта шудааст ва ба ҳамаи кормандон хӯроки ройгон дода мешавад.

Дар саҳни ҳавлии коргоҳ маҳсулоти ҳамаи корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонии вилоят, ба намоиш гузошта шуда буд.

Чунонки иттилоъ доданд, солҳои охир шумораи корхонаҳои саноатии ин соҳа ва муҳайёшавии ҷойҳои нави корӣ авҷ гирифтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷиро ба густариши фаъолияти созандагию бунёдкорӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ҳамаҷониба ҳавасманд бояд кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520