Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави мактаб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

21.08.2014 09:04, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки зикр гардид, сохтмони бинои нави ин мактаб бо харҷи 5 миллион сомонӣ анҷом ёфта, бо маблағи 321 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин карда шудааст.

Бинои нави мактаб дорои 14 синфхона ва 360 ҷойи нишаст буда, дар ду баст 720 нафар хонандаро бо таҳсил фаро мегирад. Ҳамчунин дар он 6 кабинети фаннӣ, аз ҷумла барои омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ ва англисӣ, омодагии дифоӣ, ҳунарҳои миллӣ ва рӯзғордорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Синфхонаи суруд ва мусиқӣ низ бо асбобҳои миллӣ пурра ҷиҳозонида шудааст.

Инчунин, мактаб дорои толори варзишӣ бо ҷойҳои нишаст барои 100 нафар тамошобин ва ошхона бо 80 ҷойи нишаст мебошад.

Дар ин мактаб 45 омӯзгор фаъолият дорад, ки аз он 40 нафар занон ва 22 кас мутахассисони ҷавон мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълимӣ дар ин ва дигар мактабҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҳавлии ин мактаб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони соҳаи маорифи вилояти Суғд мулоқот намуда, аз ҷумла ифтитоҳи бинои нави мактаби мазкурро туҳфаи арзанда дар арафаи оғози соли таҳсили 2014-2015 номид.

Хотиррасон гардид, ки дар давраи истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд 441 муасисаи таълимӣ бунёд ва ё навсозӣ шуда, қариб 130 ҳазор ҷойи нишаст омода гардидааст.

Таъкид гардид, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас ва ба талаби замон мутобиқ намудани донишу малакаи онҳо аз ҷониби давлат тадбирҳои мусоиду муассир амалӣ мегарданд. Аз ҷумла Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 дар вилоят 103 фоиз иҷро шуда, алҳол ба 14 нафар хонанда як компютер рост меояд. Аз ин хотир, таъкид карда шуд, ки сатҳ ва сифати донишомӯзии наврасону ҷавонон бояд ба ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар ҷавобгӯй бошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки кормандони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯёни кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд дар таҷлили 23 – солагии Истиқлоли давлатӣ, солгарди 20-уми қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва Суруди миллӣ, инчунин 600 –солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ саҳми намоён мегузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520