Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи Таҷ-роуд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

20.08.2014 09:31, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар мавзеи   «Рухак»-и Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Таҷ-Роуд» ба кор дароварда шуд.

Тавре аён гардид, ин корхона, ки ба истеҳсоли сангу шағал ва асфалт машғул мешавад, аз ҷониби бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматовҳо дар заминаи ҶДММ Сомонроҳ бунёд ёфтааст.

Ҳарду коргоҳи ин корхона бо харҷи 10 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст. Коргоҳи асфалт бо технологияи истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ ва коргоҳи коркарди регу шағал бо технологияи Ҷумҳурии Федеролии Олмон муҷаҳҳаз гардидааст.

Иқтидори лоиҳавии коргоҳи асфалт ба  340 тонна дар як соат ва  коркарди регу шағал 180 метри мукааб ё 324 тонна дар як соат баробар аст.

Барои истихроҷи регу шағал ба ин корхона 9,7 га замин ҷудо карда шудааст.

Дар ин коргоҳҳо дар 2 баст то 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ ва маоши то 1000 сомонӣ таъмин карда мешаванд.

 Ба иттилои бародарони соҳибкор пас аз фаъол гардидани ин корхона нархи фурӯши асфалт то ба 25-30% арзон мегардад, ки барои ободонии роҳу кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъсири мусбӣ мерасонад.

Ин соҳибкорон дар паҳлуи корхонаи нав ҳамчунин 50 га замин барои бунёди боғ гирифтаанд ва 100 ҷойи дигари кори дар он муҳайё хоҳанд намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520