Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири Сипеҳр дар шаҳри Чкалов

20.08.2014 08:19, шаҳри Бӯстон

Дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Чкалов бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи муосири Сипеҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов бунёд ёфтааст.

Чунонки зикр гардид, меҳмонхонаи Сипеҳр дар масоҳати умумии он 0,56 га ҷойгир шуда, иборат аз 3 ошёна мебошад. Дар ошёнаи якум утоқҳои корӣ, фурӯшгоҳи чиптаҳои ҳавопаймоӣ, тарабхона, толорҳои маркази таълимӣ ва толори хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи сеюм толорҳои варзишӣ ва маҷлисӣ ҷойгир шудаанд. Меҳмонхона дорои 46 ҷойи хоб буда, 30 адад ҳуҷраҳо барои қабули мизоҷон омода аст. Дар ин меҳмонхона 55 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи моҳонаи 1500 сомонӣ таъмин мегардад.

Дар ин меҳмонхона таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бештар ҳуҷраҳои бо усули хонасозии тоҷикӣ бунёду ороишёфта ба худ ҷалб намуд, зеро сайёҳони хориҷӣ маҳз ба унсурҳои инъикосгари фарҳанги волои миллии мо бештар мароқ зоҳир мекунанд.

 Дар маҷмааи мазкур маркази таълимӣ барои омӯзондан ва тайёр намудани 500 нафар мутахассисон дар як сол ба нақша гирифта шуда, дар он мутахассисони соҳаи ҳавопаймоӣ аз ҷумла, авиохазинадорҳо, авиобронировшикҳо ва пешхизматҳо тайёр карда мешаванд. Барои омода намудани мутахассисони мазкур аз Федератсияи Русия ва дигар давлатҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷалб карда шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкор Фазлиддин Ҳасановро хуб пазируфта, таъкид дошт, ки дар шароити афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳону сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон бунёди зербинои сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаҳои хурду миёна ва бузург хеле муҳим аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520