Зимни боздид аз ноҳияи Ҳисор ва шиносоӣ бо рафти омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни барқарорсозии симои таърихии қалъаи Ҳисор низ бевосита шинос шуда, таъкид дошт, ки ин яке аз муҳимтарин иншооти ҷашнӣ ба шумор меравад.
Тавре аён гардид, бо маблағгузории мутамаркази ҷумҳуриявӣ таҳти назари олимону мутахассисони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар аз ҷониби бинокорони моҳир барқарорсозии симои таърихии ин ёдгории бостонӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, қасри Мири Ҳисор, ҳавзи дохил, сарбозхона ва иншооти дорои аҳамияти таърихии он навсозӣ хоҳанд шуд.
Ҳамзамон дар ин ҷо олимони бостоншиносу таърихнигор бо ҳафриёту тадқиқоти илмию амалӣ машғуланд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми корҳо бояд бе расондани осеб ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ анҷом дода шаванд ва қалъаи Ҳисор беш аз пештара сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро ба худ ҷалб намояд.