Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи бузурги хишти пухта, ки бо технологияи навтарини японию чинӣ фаъолият дорад

15.08.2014 18:02, шаҳри Ҳисор

Дар ҷамоати шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи бузурги хишти пухта ба кор дароварда шуд, ки бо иқтидори лоиҳавияш дар як сол беш аз 80 миллион дона хишти аълосифати М-75 истеҳсол мекунад.

Ин корхона бо саҳмгузории муштараки соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов ва шариконии чинии ӯ бунёд ёфта, ҳоло дар он наздики 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши аз 1,5 ҳазор то 5-6 ҳазор сомонӣ таъмин шудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2013 дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамагӣ 65 миллион дона хишти пухта истеҳсол шудааст. Ин корхона бошад худаш танҳо метавонад беш аз 80 миллион дона хишти пухта дар як сол метавонад истеҳсол намуда, нархи онро қариб 50% арзон намояд. То ба кор даромадани ин корхона нархи як дона хишти пухта то ба 80-100 дирам баробар шуда будааст. Аз ин корхона ҳоло як дона хишт бо нархи 42 дирам фурӯхта мешавад ва ин бо вуҷуди он, ки маҳсулоти ин корхона аз ҷиҳати сифат низ аз беҳтаринҳо аст.

Соҳибкор Абдулло Ҳасанов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл дод, ки то соли оянда боз як то чунин корхона бо ҳамин иқтидор бунёд намуда, нархи хишти пухтаро то ба 37 дирам поён мебарад. Дар сурати ба кор даромадани корхонаи дуюми ин соҳибкор ҳаҷми истеҳсоли хишти пухта дар Тоҷикистон қариб 3 баробар афзун мегардад, ки албатта боиси коҳиш ёфтани нархи он мешавад.

Тавре зикр гардид, сирри асосии паст будани нархи хишти ин корхона дар истифодаи технологияи худкор, сарфи ками барқ, ангишт ва нерӯи кории инсон аст.

Абдулло Ҳасанов азм дорад, ки аз ҳисоби фоидаи софи корхона дар ноҳияи Ҳисор як мактаби замонавӣ барои 640 хонанда бунёд намояд. Чунонки иттилоъ доданд, барои тармиму наввсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагии мактабҳои ноҳияи Ҳисор аз ин корхона хишти ройгон дода мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин корхона баҳои баланд дода, ташаббускории ин соҳибкори баору номуси ватаниро ибратбахш арзёбӣ намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520