Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз маҳаллаи 8 ноҳияи Ҳисор, ки дар ҳоли сохтмону ободонӣ қарор дорад

15.08.2014 16:16, шаҳри Ҳисор

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи бунёдшавандаи рақами 8 ноҳияи Ҳисор, ки сохтмону ободонияш аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Саидов ба роҳ монда шудааст, як бинои бисёрошёнаи истиқоматии дорои 72 хонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти сохтмони дигар биною иншоот бевосита шинос шуд.

Дар нахустин бинои шашошёна, ки мавриди истифода қарор гирифт, асосан оилаҳои аз хонаҳои пешинаи худ кӯчондашуда ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соҳиби хона шуданд. Дар қабати якуми бино маркази тиҷоратӣ ҷойгир шудааст, ки дар он беш аз 60 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва рафти бунёди маҳаллаи 8, ки бо харҷи беш аз 200 миллион сомонӣ амалӣ мегардад, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Саидов ва шарикони дохилию хориҷии ӯ 14 бинои аз панҷ то нӯҳошёна ва 140 котеҷи ду ва сеошёна сохта мешавад. Дар ин ҷо ҳамчунин як мактаби замонавӣ барои 640 хонанда, як кӯдакистони зебо барои 140 кӯдак, майдончаҳои варзишӣ, гӯшаҳои дилхушию фароғатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва 6 км роҳи мумфарш бунёд меёбад. Ҳамаи ин корҳо то моҳи августи соли 2015, яъне дар арафаи ҷашни 3000-солагии Ҳисор ба анҷом расонда мешаванд. Дар натиҷа ин маҳалла ба як шаҳраки зебои замонавӣ табдил хоҳад ёфт.

Дар бунёди ин шаҳрак ҳоло 70 шаҳрванди хориҷӣ ва наздики 1400 нафар аз аҳолии Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд, ки то 2000 сомонӣ маош мегиранд. Оянда танҳо дар марказҳои тиҷорату хизматрасонии он беш аз 1500 нафар соҳиби кори доимӣ мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520