Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон»

28.12.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Литсей-интернати махсуси касбии маъюбон» - и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф оварда, бо шароити намунавии он, ки зимни тармиму навсозии асосӣ муҳайё гаштааст, аз наздик шинос шуд ва бо тарбиятгирандагони он суҳбатҳои ҷолиб анҷом дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин муассиса ҳанўз соли 1948 бо номи мактаб-интернати касбӣ барои маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бунёд ёфта, то имрўз ҳазорҳо нафар маъюбонро бо касбу ҳунар ва мутаносибан бо ризқу рўзӣ таъмин намудааст.

Имрўза литсей, ки дар заминаи он амал мекунад, барои 270 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Соли равон ин литсей бо харҷи қариб 2 миллион сомонӣ, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид, мавриди тармиму навсозӣ ва таҷҳиз бо шароити муосири таълиму тарбия ва будубоши шаборўзӣ қарор дода шуд.

Дар 11 моҳи соли 2011 барои эҳтиёҷоти ин литсей танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ наздики 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Кўдакону наврасони маъюб дар ин ҷо ҳунарҳои устои дастгоҳҳои радиову телевизион ва оператори шабакаи компютерӣ, дўзандаи либос, кафшдўз ва муҳосибро аз бар мекунанд.

Зимни суҳбат бо хонандагон ва масъулини ин соҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бозори меҳнат хуб омўхта шавад ва мутобиқи талаботи он таълими тамоми ҳунарҳои зарурӣ, аз ҷумла устои асбобу олоти барқии рўзгор ба мисли мошини дарздўзӣ, дарзмол, яхдон, компютер ва ғайра ба роҳ монда шавад.

Миёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва толибилмону ҳунаромўзони литсей суҳбатҳои ҷолибу муассир сурат гирифт.

Чунонки иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин литсей 266 нафар таҳсил мекунанд, ки кўдакону наврасони маъюб ва аз оилаҳои камбизоат ва дорои маъюбон мебошанд.

Тавре аён гардид, аксари тарбиятгирандагони ин муассиса ва тамоми шахсони маъюбу дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ завқу салиқаи баланд ва маҳорату истеъдоди фавқулодда доранд.

Таъкид гардид, ки духтарони ин ва дигар муассисаҳои таълимии кўдакону наврасони маъюб ва ятиму бепарастор мавриди ғамхории махсус қарор дода шаванд, аз ҷумла аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорзанони савобҷў.

Аз 162 нафар хонандагони ин литсей, ки соли 2011 онро хатм кардаанд, 49 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуда, 81 нафар аз рўйи касбу ҳунари омўхтаашон ба кор даромадаанд.

Дар арафаи соли нави мелодӣ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як тарбиятгирандаи ин литсей ва ҳамаи муассисаҳои таълимии кўдакону наврасони маъюб ва ятиму бепарастор, ки шумораи умумиашон 20 ҳазор нафар аст, сарулибоси гарми зимистона ва шириниҳои гуногун туҳфа карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз ошхонаи зебою барҳаво ва муҷаҳҳази литсей дидан карда, ба сифати хўрокҳои он баҳои баланд дод.

Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини эҳтиёҷоти кўдакону наврасони маъюб ва ятиму бепарастор дар чунин муассисаҳо танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳар моҳ барои ҳар яки онҳо 800 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад. ғайр аз ин дар 2 соли охир аз ҷониби вазорату идораҳои вобасташуда ва шахсони алоҳидаи саховатпеша ба чунин муссисаҳо ба маблағи 2 миллион сомонӣ кўмакҳои хайрия расонда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки барои пайваста ба сайру тамошо бурдани тарбиятгирандагон ба ин муассисаи ҳунаромўзии кўдакону наврасони маъюб як автобуси калон туҳфа мекунад.

Илова бар ин, аз масъулини давлатӣ ва саховатмандону савобҷўёни дигар даъват карда шуд, ки ба нафарони маъюбу барҷомонда, ятимону бепарасторон, пиронсолон ва оилаҳои камбизоат дар арафаи соли нави мелодӣ ва ҳам ба таври доимӣ кумак расонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520