Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзони вилояти Хатлон ва машварати корӣ бо фаъолони ин соҳаи вилоят

27.06.2014 09:49, ноҳияи Данғара

Имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзони вилоят дар намоишгоҳи маҳсулоти гуногуни онҳо ва машварати корӣ бо фаъолони ин соҳаи вилоят идома ёфт.

Рӯзи дуюми сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо дидан аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар бозори навбунёди Каёнуш ба роҳ монда шуд, оғоз ёфт.

Дар қисмати фурӯши чорвои ин бозор намоиши зотҳои сермаҳсули чорвои хурду калон ва паранда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон 852 ҳазор сар чорвои калон, 2,2 миллион сар чорвои майда ва 1,6 миллион сар паранда парвариш меёбад.

Натиҷаҳои ибратбахши хоҷагиҳои зотпарварии Раҳмонҷони ноҳияи Данғара, Баракат ва Мадинаи ноҳияи Ёвон, Ҳисори назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор, Сабзи шаҳри Кӯлоб ва ғайра мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.

Чунонки зикр гардид, хоҷагии зотпарварии Мадинаи ноҳияи Ёвон дорои 712 сар чорвои калони зоти сиёҳало мебошад, ки 190 сари он модаговҳои наслдиҳанда мебошанд. Модаговҳои ҷавон, ки бори аввал насл овардаанд, аз 25 то 30 литр шир медиҳанд.

Хоҷагии тухмипарварӣ ва зотпарварии Сабзи шаҳри Кӯлоб бо ворид кардани 40 сар чорвои калони хушзоти шведӣ парвариши намунавии ин зотро ба роҳ монданӣ аст.

Дар хоҷагии зотпарварии Ҳисори ноҳияи Фархор, ки солҳои пешин бо парвариши намунавии гӯсфанди зоти ҳисорӣ шуҳрати калон дошт, то чанд соли пеш қариб ба нестӣ рафта буд. Баъди ба тавозуни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шудани он саршумори ин навъи чорвои хушзот тайи чанди охир  аз 7 ҳазор ба 15 ҳазору 300 адад расонда шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки солҳои оянда саршумори он ба 40-50 ҳазор сар расонда мешавад.

Бо таваҷҷуҳи махсус ба парвариши чорвои хушзоти калон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки саршумори зотҳои пурмаҳсул афзун ва ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳо паҳн карда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки хушзоткунии чорво, аз ҷумла чорвои аҳолӣ ҳам тавассути  боз намудани нуқтаҳои зиёди бордоркунии сунъӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Дастур дода шуд, ки коркарди шир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ширӣ ҳам амалӣ карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои кори хоҷагии давлатии моҳипарварии Ҳамадонии ноҳияи Ҳамадонӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд. Иттилоъ дода шуд, ки пас аз боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин хоҷагӣ тайи чанд соли охир истеҳсоли моҳӣ дар он 3 баробар афзуда, аз 100 тоннаи солҳои пеш  ба 300 тонна дар соли 2013 расонда шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар 12 шаҳру ноҳияи вилоят хоҷагиҳои моҳипарвар фаъолият мекунанд.

Дар қисмати фуруши меваю сабзавоти бозори Каёнуш намоиши маҳсулоти боғутокпарварону зироаткорон ва корхонаҳои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзии вилоят ташкил карда шуд.

Тавре таъкид гардид, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар масъулияти зиёд доранд, зеро имкону захираҳои васеътарин маҳз дар ҳамин минтақаи ҷумҳурӣ мавҷуд аст.

Чунонки аён гардид, солҳои охир бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ басо фаъол гардида, дар баробари хоҷагиҳои камшумори давлатӣ дар таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми намоён мегузорад. Фаровоние, ки имрӯз дар бозори истеъмолӣ ба назар мерасад, асосан натиҷаи супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди боғутокпарварӣ ва пурсамар истифода бурдани заминҳои корам ва хусусан заминҳои обӣ тавассути кишти такрорӣ ва рӯёндани ду ва зиёда ҳосил мебошад.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуда, дар оғози суҳбат аҳли ҷамъомад ва кулли мардуми Тоҷикистонро бори дигар бо фаро расидани Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.

Зимни суханронӣ, аз ҷумла рушди тухмипарварӣ, зотпарварӣ ва ниҳолпарварӣ  аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ номида шуд. Дар робита ба ин мавзӯъҳо ва ҳамчунин доир ба шодоб намудани заминҳои бекор, ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои партов, афзун намудани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор ва маҳсулнокии чорво, коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии дохилӣ ва афзун намудани содирот ба хориҷи кишвар супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», аз ҷумла дар моҳи шарифи рамазон, таҳкими фарҳанги волои сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ дода шуд.

Зимни ҳисботи Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, давоми соли равон 90 корхонаи истеҳсолӣ бо 2760 ҷойи корӣ, аз ҷумла доир ба коркарди саноатии меваю сабзавот ва қолинбофии дастӣ ифтитоҳ меёбад. Зикр гардид, ки тармиму навсозии роҳҳои дохилии марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо тадриҷан оғоз ёфта, минбаъд ин кор вусъат меёбад. Чунонки зикр гардид, корҳо дар тамоми бахшҳои соҳаи кишоварзӣ рӯй ба беҳбудӣ оварда, фоидаоварӣ афзун мешавад ва мутаносибан ҳавасмандии деҳқонон ҳам ба рушди ин соҳа зиёд мегардад.  

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ғалладонаи заминҳои обӣ ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ карда шуда, дар ҷойи он кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520