Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуханронӣ бо роҳбарони шаҳру ноҳия ва масъулони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон

27.06.2014 09:32, ноҳияи Данғара

Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва масъулони соҳаи кишоварзӣ ҳамасола дар давраи ҷамъоварии ҳосили ғалладона, меваю сабзавот, ҷамъовариву захираи хӯроки чорво ва гузаронидани кишти такрорӣ баргузор мегардад, ки дар ҷараёни он вазъи иҷрои дастуру супоришҳо ва масъалаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзии ҳам вилоят ва ҳам кишвар баррасӣ карда мешаванд.

Вохӯрии имсола ба рӯзи таҷлили яке аз ҷашнҳои бузурги миллиамон - ҳабдаҳумин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ рост омадааст, ки ба ин муносибат кулли мардуми шарифи мамлакат ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро бори дигар самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди кишвар сулҳу амнияти пойдор, инчунин рушди минбаъдаи Ватани азизамонро орзу менамоям.

Дар доираи мулоқоти имрӯза мо тасмим гирифтем, ки ҷараёни амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои соҳаи кишоварзӣ ва нақши онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ, суръатбахшии ҷамъоварии ҳосили ғалладона, меваю сабзавот, захираи маводи озуқа, хӯроки чорво, кишти такрорӣ, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015, беҳдошти фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ намоем.

Воқеан, даҳсолаи сипаришуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлат эълон гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани ин ҳадаф ба рушди соҳаи кишоварзии кишвар диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Барои тақвияти корҳо дар соҳа як силсила барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ки мақсад аз онҳо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, танзими нархи маҳсулоти озуқа дар бозорҳо, таъмини корхонаҳои саноатии кишвар бо ашёи хом ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад, ки мо марҳала ба марҳала ба ин мақсади худ ноил шуда истодаем.

Маълум аст, ки аз соли 2008 то инҷониб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон тамоюли болоравии нархи маводи озуқа мушоҳида мешавад.

Ба ин раванд чандин омилҳо, аз ҷумла мунтазам афзоиш ёфтани аҳолии сайёра, тағйирёбии иқлим, пайиҳам такрор шудани хушксолӣ ва истеҳсоли маводи сӯзишворӣ аз маҳсулоти растанӣ мусоидат карда истодаанд.

Ба ақидаи коршиносон дар даҳсолаи наздик ин раванд идома пайдо мекунад, яъне нархи маҳсулоти хӯрока боз ҳам боло рафта, норасоии озуқа дар аксар кишварҳои олам мушоҳида мешавад.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии расман эътирофшуда, ки вазъи таъминот ва амнияти озуқавории мамлакатро муайян месозад, мавҷуд будани ҳаҷми захираи дусолаи маводи озуқа, махсусан ғалла мебошад.

Тибқи маълумот имсол дар ғаллазорҳои мамлакат ҳосили хуб рӯёнида шудааст.

Аз ин рӯ, масъулини соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ва беталаф ҷамъоварӣ кардану захира намудани он ҳамаи имкониятҳоро сафарбар намуда, ба деҳқонон кумаки амалӣ расонанд.

Бо дарназардошти зиёд гардидани аҳолӣ зарур аст, ки ба рушди босуботи соҳаи аграрии мамлакат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, бо мақсади таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ҷиҳати рушди истеҳсолоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат солҳои охир давра ба давра ислоҳот гузаронида шуда истодааст, ки ҳадафи асосии он таҷдиди куллии соҳа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзии содиротӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад.

Дар ин раванд масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз ҷумла таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ, техникаву технологияҳои кишоварзӣ, тухмии хушсифат, зоти сермаҳсули чорво, беҳдошти замин ва монанди инҳо ҳалли худро ёфта истодаанд.

Ислоҳот имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мунтазам афзуда, сатҳи зиндагии аҳолии деҳот тадриҷан беҳтар гардад.

Вале имконияти воқеии боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди ниҳоии он, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмин кардани фаровонии бозори истеъмолӣ ва рушди иқтидори содиротии мамлакат пурра истифода намешаванд.

Кишоварзони Хатлон аз обу замин камбудӣ надоранд ва дар сурати самараноку оқилона истифода бурдани захираҳои мавҷуда ва умуман баланд бардоштани маданияти заминдорӣ дар вилоят имконияти то ду баробар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мавҷуд мебошад.

Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба татбиқи “Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, истифодаи оқилонаву самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат чораҳои саривақтӣ андешида, иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди соҳаи кишоварзиро таъмин намояд.

Яке аз омилҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот истифодаи самараноки заминҳои корам мебошад.

Дар ин самт зарур аст, ки бо дарназардошти таъмини амнияти озуқавории кишвар кишти такрорӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини обӣ ва гирифтани ду - се ҳосил бояд дар саросари кишвар, махсусан дар вилояти Хатлон мунтазам вусъат бахшида шавад.

Зеро иқлим ва обу хоки кишвари мо имконият медиҳад, ки аз як қитъи замин ду-се ҳосили хуб ба даст оварда, тавассути таъмин кардани фаровонии бозори дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардад.

Ҳамасола барои иҷрои барномаҳои давлатӣ тавассути лоиҳаҳои сармоягузорӣ маблағҳои зиёд ҷудо мегарданд, вале сарфи назар аз ин, майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Соли 2013 дар мамлакат майдони қариб 16 ҳазор гектар заминҳои корам, аз ҷумла 13 ҳазор гектар заминҳои обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Дар ҳолати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин миқдор замин соҳаи кишоварзии мамлакат имконияти дарёфти маблағҳои зиёд ва муҳайё намудани ҳазорҳо ҷойи кории иловагӣ пайдо мекунад.

Раванди дигаре, ки боиси нигаронист, дар майдони зиёди заминҳои обӣ кишт кардани зироати ғалладонагӣ мебошад.

Чунончи, соли 2013 аз 185 ҳазор гектар замини обии вилояти Хатлон бо дарназардошти кишти такрорӣ дар майдони 88 ҳазор гектар ё дар 48 фоизи он зироати ғалладонагиву лӯбиёгӣ кишт карда шудаааст.

Бояд гуфт, ки бо дарназардошти кишти пахта барои дигар намудҳои зироат майдони замини обии холӣ қариб, ки намемонад ва баъди ҷамъоварии зироати ғалладонагӣ дар майдони зиёди ин заминҳо кишти такрорӣ гузаронида намешавад.

Ҳоло дар ҳудуди вилояти Хатлон 8 ҳазору 500 гектар замини корам, аз ҷумла 6 ҳазору 900 гектар замини обӣ аз истифода берун мондааст, ки 54 фоизи нишондиҳандаи кишварро ташкил медиҳад. Чунин заминҳо дар ноҳияҳои Ҷиликӯл 1940 гектар, Қубодиён - 1005, Ҷомӣ - 800, Шаҳритус -760 ва Носири Хисрав 740 гектарро ташкил медиҳанд.

Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи масъулинро талаб менамояд, ин вобаста ба тағирёбии иқлим омода намудани нақшаи нави илман асоснокшудаи ҷойгиркунии зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва зоти чорво мебошад.

Беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба фаъолияти доимии сохтору мақомоти дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мансуб буда, ба ин мақсад маблағҳои зиёди буҷетӣ ва грантҳо равона карда мешаванд.

Барои тақвияти корҳо дар ин самт ислоҳоти сохторӣ гузаронида шуда, дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатии кишвар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти он пурра ба иҷрои ин корҳо равона шудааст.

Вобаста ба ин, Агентии беҳдошти замин ва обёриро зарур аст, ки якҷо бо институтҳои дахлдори Академияи илмҳои кишоварзӣ доир ба беҳтар намудани ҳолати заминҳои кишт ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонад.

Тибқи маълумот дар давоми 30 соли охир дар дунё майдони заминҳое, ки тариқи обдиҳии қатрагӣ бо об таъмин мешавад, қариб ба 2 миллион гектар расидааст.

Аз истифодаи ин усул хароҷоти об аз 2 то 5 баробар кам гардида, ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулот аз 20 то 50 фоиз баланд мегардад.

Ҳамзамон бо ин, хароҷоти нуриҳои маъданӣ то 30 фоиз кам шуда, хароҷоти мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва нобуд кардани алафҳои бегона тадриҷан кам мешавад ва имконияти истеҳсоли маводи озуқа дар заминҳои санглох ва талу теппаҳо хеле зиёд мегардад.

Зарур мешуморам, ки дар баробари азхуд кардани заминҳои нав, маблағҳо ба заминҳои обие, ки бо каме хароҷоти иловагӣ барқарор мешаванд, равона карда шаванд.

Ҳамчунин зарур аст, ки минбаъд ба амалияи ҷудо намудани заминҳои обӣ барои сохтмон хотима бахшида, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати бунёди боғу токзор, пеш аз ҳама, талу теппаҳо истифода шаванд.

Илова бар ин, ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода мешавад, ки моҳияти истифодаи обдиҳии қатрагиро вобаста ба иқлим ва намуди зироатҳо мавриди омӯзиш қарор дода, тавсияҳои илман асоснокшударо ба кишоварзони мамлакат пешниҳод намоянд.

Дигар масъалаи муҳимме, ки асоси фаъолияти соҳаро ташкил медиҳад, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мебошад.

Айни замон сатҳи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо нуриҳо ҳамагӣ 15 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин замина агар мо минбаъд истеҳсоли нуриҳои маъданиро дар дохили кишвар ба роҳ монем, ин иқдом барои паст гардидани арзиши аслии он мусоидат намуда, ба як қатор нишондиҳандаҳои иқтисодии соҳа таъсири мусбат мерасонад.

Бинобар ин, ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати ба қадри зарурӣ таъмин намудани кишоварзон бо нуриҳои маъданӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон бо ин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Саридораи геология супориш дода мешавад, ки захира ва имкониятҳои истеҳсоли нуриҳои маъданиро дар мамлакат омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди асоснокшуда манзур намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки таъкид намудам, барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат айни замон 16 барномаи давлатӣ мавриди амал қарор дорад.

Илова бар ин, Ҳукумати мамлакат азм дорад, ки ҷиҳати дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ дар давраи кӯтоҳмуддат бо истифода аз сармояи ватаниву хориҷӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳимми дигарро роҳандозӣ намояд.

Вале таъкид месозам, ки то ба ҳол раванди амалӣ гардидани барномаҳои давлатии соҳа ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Ҷиҳати рушди пахтакорӣ ва ба соҳаи саноативу кишоварзӣ табдил додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” қабул гардидааст.

Дар доираи барномаи мазкур бояд ҳар сол дар майдони 200 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шуда, ҳосилнокии он дар давоми солҳои 2010-2014 то ба 29 сентнер аз ҳар гектар расонида мешуд.

Вале майдони кишти пахта сол аз сол кам шуда, соли ҷорӣ ҳамагӣ 183 ҳазор гектар ва ҳосилнокии он дар давоми чор соли охир нисбат ба талаботи барнома кам гардидааст.

Бо мақсади таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии хушсифат соли 2009 бо қарори Ҳукумати мамлакат минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ тасдиқ шуда буд.

Ҳоло аз 48 хоҷагии махсуси тухмипарварӣ 9 хоҷагӣ ба истеҳсоли картошкаи тухмӣ машғул мебошад.

Соли гузашта ҳамагӣ дар 34 фоизи заминҳои обии хоҷагиҳои зикршуда кишти картошка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ 2 ҳазору 350 тонна картошкаи тухмӣ истеҳсол карда шудааст, ки он ба кишти ҳамагӣ 600 гектар картошка мерасад.

Ҳол он, ки дар ҳудуди мамлакат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳар сол дар масоҳати зиёда аз 40 ҳазор гектар кишти картошка гузаронида мешавад, ки барои таъмини онҳо ба миқдори зиёда аз 130 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ зарур мебошад.

Соли 2013 дар хоҷагиҳои тухмипарварии Уланг - 2 ноҳияи Балҷувон ва Зувайди ноҳияи Тавилдара ҳамагӣ дар майдони 2 гектар кишти картошка гузаронида шуда, мутаносибан 15 ва 7 тоннагӣ картошкаи тухмӣ истеҳсол карда шудааст.

Дар хоҷагии Ғилониёни шаҳри Панҷакент аз 842 гектар майдони умумии заминҳои обӣ дар масоҳати 29 гектар ва дар хоҷагии ба номи А. Назирови ноҳияи Файзобод аз 492 гектар замини обӣ танҳо дар майдони 91 гектар кишти картошка гузаронида шудааст.

Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳа супориш дода мешавад, ки ҷиҳати беҳтар намудани сифати тухмии зироатҳои кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли онҳо, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо ва ба даст овардани на кам аз 50 - сентнерӣ ҳосили гандум аз заминҳои обӣ, инчунин рӯёнидани ҳосили баланд аз кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ чораҳои муассир амалӣ намоянд.

Дар миқёси вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” бунёди 22 ҳазору 700 гектар боғу токзор, аз ҷумла 2266 гектар токзори нав ба нақша гирифта шуда буд.

Тибқи маълумот то аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар вилоят дар майдони 26 ҳазору 928 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки 118,6 фоизи нақшаро ташкил менамояд.

Гарчанде нақшаи бунёди боғу токзори нав дар маҷмӯъ таъмин гардидааст, вале иҷрои он дар ноҳияҳои Қубодиён 78 фоиз, Носири Хусрав 80 фоиз, Панҷ 85 фоиз ва шаҳрҳои Сарбанду Кӯлоб мутаносибан 86 ва 96 фоизро ташкил менамояд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои зикршударо зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда иҷрои нақшаи пешбинишударо то моҳи апрели соли оянда таъмин намоянд.

Хотирнишон месозам, ки ҳарчанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорво тадриҷан зиёд гардида, маҳсулнокии он низ беҳтар шуда истодааст, вале суръати таъмини хоҷагиҳо ва аҳолӣ бо чорвои хушзот беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Дар баробари ин, бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли маҳсулоти чорво ҳанӯз талаботи аҳолии кишвар бо маҳсулоти гӯшту шири ватанӣ пурра таъмин нагардида, нархи онҳо дар бозорҳои кишвар тамоюли болоравӣ дорад.

Яке аз омилҳое, ки ба афзоиши саршумори чорво таъсири манфӣ мерасонад, пеш аз ҳама, кишт ва захираи нокифояи хӯроки ширадори чорво, хошоки дурушт ва камшумор будани чорвои хушзот мебошад.

Дар иртибот ба ин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат вазифадор карда мешаванд, ки дар ҷараёни омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода ҷиҳати ба меъёри зарурӣ захира намудани хӯроки чорво тамоми имкониятҳоро сафарбар намуда, барои дар ояндаи наздик бо гӯшту шири ватанӣ ва умуман маҳсулоти чорво таъмин намудани аҳолии мамлакат тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Дигар масъалаи ҳалталаби соҳа таъминоти техникии он мебошад.

Айни ҳол сатҳи таъминот бо тракторҳои шудгоркунанда 28 фоиз, техникаи байниқаторӣ 55 ва комбайнҳои ғалладарав 32 фоизро ташкил дода, аксарияти онҳо куҳнаву фарсуда шудаанд.

Муҳим будани ин масъаларо ба инобат гирифта, таъкид менамоям, ки бо чунин таҳкурсии техникӣ ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ва пешбурди босуръати соҳаи кишоварзӣ ғайриимкон аст.

Дар ин самт фаъолияти Корхонаи “Тоҷикагролизинг” беҳбудӣ металабад, то ки техникаи мавҷуда дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ дошта шуда, самаранок истифода гардад.

Зарур аст, ки тавассути дарёфти маблағҳои худӣ аз ҳисоби лизинг ҷиҳати давра ба давра нав кардани парки техникаи кишоварзӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2008 то инҷониб барои хариди техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ аз буҷети давлат ба Корхонаи “Тоҷикагролизинг” 28 миллион сомонӣ, инчунин аз ҳисоби грантҳои давлатҳои кумакрасон ба маблағи қариб 11 миллион сомонӣ зиёда аз 800 адад техникаву таҷҳизоти зарурӣ харида шудааст.

Ҳоло дар кишвар зиёда аз 2,5 миллион тонна картошкаву сабзавот, меваю ангур ва дигар маҳсулоти барвақтӣ истеҳсол мегардад, вале нигаҳдориву коркарди он то ҳанӯз ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Чунин ҳолат боиси талафёбии зиёда аз 30 фоизи маҳсулот гардида, ҷиҳати ҳалли ин масъала зарур аст, ки маблағгузорӣ барои сохтмони анбору корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот дар деҳот афзоиш дода шавад.

Бинобар ин, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ташкил намудани хариду фурӯши мавсимии маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ, инчунин харидорӣ ва захираи маҳсулоти истеҳсолшударо дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати сохтмони яхдон ва сардхонаҳои нигоҳдории маҳсулот, аз ҷумла бо истифодаи имкониятҳои табиӣ чораҷӯӣ намоянд.

Мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ, бемории ҳайвонот ва аз офатҳои табиӣ эмин нигоҳ доштани онҳо низ воситаи муҳимми пешрафти соҳа мебошад.

Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат ҳар сол аз ҳисоби буҷет маблағҳои зиёд ҷудо менамояд. Танҳо соли 2013 барои пешгирии касалиҳои ҳайвонот ду миллион сомонӣ, барои мубориза бар зидди малах 5,6 миллион сомонӣ ва бар зидди ҷола 6 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ 13,6 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Дӯстони азиз!

Мехоҳам махсус таъкид созам, ки аз фориғболии баъзе мутахассисони соҳаи омору заминсозӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳоло ҳам оид ба кишту истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ маълумоти носаҳеҳ пешниҳод мешавад, ки натиҷаи чунин муносибатро мову шумо имсол дар бозори дохилии мамлакат баръало мушоҳида намудем.

Хотиррасон месозам, ки банақшагирии таъмини бозори дохилӣ ва корхонаҳои коркарди саноатии маҳсулот дар асоси маълумоти оморӣ амалӣ карда мешавад.

Бо вуҷуди таъкидҳои чадинкарата доир ба дақиқу саҳеҳ пешниҳод намудани маълумоти оморӣ то ҳанӯз дар ин самт камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.

Яъне дар натиҷаи роҳ додан ба чунин бемасъулиятӣ ҳисоботи омори расмӣ ва сабти нишондиҳандаҳои кишту истеҳсол, воридоту содирот ва самараи фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз нишондиҳандаҳои воқеӣ ба таври ҷиддӣ фарқ мекунанд.

Чунин ҳолат ҳангоми банақшагирӣ ва таҳияи барномаҳои соҳа таъсири манфӣ расонида, боиси болоравии нарх дар бозор ва ба миён омадани амалҳои коррупсионӣ мегардад.

Вобаста ба ин, ба Агентии омор супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор низоми нави баҳисобгирии маълумоти омориро таҳия намуда, то моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ман дар аксари мулоқоту суханрониҳо масъалаи таъмини захираи дусолаи маҳсулоти озуқавориро барои ҳар як оила таъкид менамоям.

Воқеан, захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ технологияи худро дошта, дар аксари минтақаҳои кишвар механизм ва тарзи дурусти захира кардани маҳсулоти ғизоиро ба кишоварзон ва аҳолии мамлакат омӯзонидан лозим мебошад.

Дар минтақаҳои дорои заминҳои обӣ истеҳсоли маҳсулоти лубиёгӣ хуб ба роҳ монда шуда, тибқи маълумоти оморӣ аз ҷониби кишоварзони мамлакат ва аҳолӣ ҳар сол миқдори зиёди чунин маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Вале аз сабаби нодуруст нигоҳдорӣ кардан қисми зиёди маҳсулот талаф меёбад.

Дар иртибот ба ин, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи телевизион ва радио вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бештар намудани корҳои фаҳмондадиҳиву омӯзишӣ оид ба тарзи нигоҳдорӣ, қуттибандӣ ва хушконидани маводи ғизоӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Вобаста ба рушди инфрасохтори маҳал мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки тадбирҳои ободониро боз ҳам вусъат дода, доир ба таъмиру азнавсозии кӯчаву хиёбонҳо, роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Масъалаи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода, яъне таъмиру омодасозии иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани инфрасохтори барқрасонӣ, захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, инчунин омодагӣ ба зимистонгузаронии чорво ва захираи хуроки он аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки фаъолияти ҳар як роҳбар ва шахсони масъул ба он равона карда шавад.

Солҳои охир мардуми кишвар ба масъалаи сарфаву сариштакорӣ ҳамчун нишонаи фарҳанги миллӣ ва заминаи асосии ташкили зиндагии шоиставу осуда муносибат карда истодаанд.

Ҳоло бо итминон гуфта метавонем, ки дар асоси Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” сарфаву сариштакорӣ ва гузаронидани маъракаҳо дар доираи муқаррароти он асосан ба ҳукми одат даромадааст.

Бо вуҷуди ин, таъкидан иброз медорам, ки барои риояи муқаррароти қонуни зикршуда, пеш аз ҳама, роҳбарон ва шахсони масъули давлатӣ бояд худашон намуна бошанд ва ба иҷрои бечунучарои талаботи он бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, омӯхтани илму ҳунарҳои муосир, аз таъсири ақидаву равияҳои бегонаи ифротпарастӣ эмин доштани онҳо ва умуман мубориза бар зидди ифротгароӣ низ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми фаъолияти ҳаррӯзаи роҳбарону масъулон, фаъолону аҳли зиё, падару модарон ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа мебошад.

Тавре ки хабар доред, вақтҳои охир дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон сафи шахсони ба ном мулло ё табиб, ки аз пастии маърифати баъзе одамон, аз ҷумла занону духтарон истифода карда, бо роҳи фиреб ба ҷамъ овардани пулу сарват ва ҳатто кирдору амалҳои ғайриахлоқӣ машғуланд, зиёд шуда истодааст.

Чунин рафтори онҳо аз як тараф боиси бадномии дини мубину мубораки ислом мегардад ва аз ҷониби дигар, дар асри пешрафти инсоният боиси хиҷолат мебошад.

Бинобар ин, дар пешгирии чунин аъмоли ношоиста дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи оид ба корҳои дин, Шӯрои уламо, кумитаҳои оид ба корҳои занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳар як роҳбар, фаъолон, шахсони обрӯманд, аҳли зиё ва тамоми аҳли ҷомеа масъулу ҷавобгар бошанд.

Фардо моҳи хайру эҳсон - моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Мардуми худогоҳи мо барои эҳёи суннатҳои неки милливу динӣ ва ҳифзи хусусиятҳои беҳтарини зиндагии аҷдодамон дар ҳама давру замон кӯшиш ба харҷ додаанд.

Яке аз беҳтарин амалҳое, ки дар ин моҳ иҷро мегардад, дар баробари пок намудани рӯҳу ҷон иҷрои амалҳои хайру савоб ва эҳсонкорӣ, аз ҷумла дасти кумак дароз намудан ба эҳтиёҷмандон мебошад.

Дар баробари ин, фаровонии бозорҳо ва арзонии нархҳо аз ҷумлаи амалҳои неку савоб буда, ҳар як тоҷиру соҳибкор ва шахсони масъул ҷиҳати бо нархҳои арзон ба мардум пешниҳод кардани молу маҳсулот бояд чораҷӯӣ намоянд.

Итминони комил дорам, ки имсол ҳам дар баробари меҳнати содиқона барои ободии кишвари азизамон чунин амалҳои хайр аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон ва ҷавонмардони бонангу номуси диёрамон идомаи нек пайдо мекунад ва дили ҳазорон нафар ниёзмандону ятимон шод мегардад.

Аз фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам ба кишоварзону соҳибкорони бонангу номуси мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон ва ҳамаи онҳое, ки дар самти ободонии Ватани азизамон саъю талош доранд, таъкид созам, ки минбаъд низ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар афзоиши маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва содироти он, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ободонии шаҳру деҳот ҳиссагузор бошанд.

Хусусан, ки имсол барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли таҷлили бистумин солгарди қабули Конститутсия ва Суруди миллии давлати соҳибистиқлоламон, инчунин Соли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.

Бояд ҳар як фарди кишвар хуб дар хотир дошта бошад, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва ободии кишвар танҳо тавассути ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва заҳмати содиқонаву дастаҷамъона расидем ва ин равандро идома хоҳем дод.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо ва кулли сокинони кишварро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ ва фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як фарди кишвар рӯзгори хушу осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520