Дар фароварди сафари давлатӣ ба Малайзия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии Протон дидан карда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мошинсозии Протон дар ҳамкорӣ бо брендҳои ҷаҳонии Лотуси Инглистон ва Митсубисии Япония солҳои 80-уми асри гузашта ба кор шуруъ намуда, дар дохил ва хориҷи кишвар бозори фурӯши маҳсулоти худро пайдо намудааст.
Дар ин корхона ҳамасола беш аз 300 ҳазор мошинҳои гуногуни сабукрав истеҳсол мешавад.
Зимни боздид ҳамчунин доир ба ташкили ҳамкории ин корхона бо Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.