Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имзои санади ҳамкорӣ миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия

26.06.2014 00:44, Малайзия

Миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тибқи ин санад, ин муассисаи таҳсилоти олӣ  ҳар сол 20 бурсия (квота) барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо менамояд. Арзиши таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик 50% кам карда мешавад.  80% устодону профессорҳои филиали Донишгоҳи Лимкоквинг аз Тоҷикистон ва 20% аз Малайзия қабул карда мешавад. Забони таълим англисӣ буда, дар баробари он забону адабиёти тоҷик ва таърихи халқи тоҷик омӯзонда мешавад. Нақшаҳои таълимӣ монанд ба донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ, ки дорои эътибори ҷаҳонӣ мебошанд, таҳия мешаванд. Ба хатмкунандагон дипломи бакалавр, магистр ва докторанти намунаи давлатии Малайзия дода мешавад.

Пас аз курси дуюм донишҷӯён метавонанд таҳсилро дар Малайзия идома диҳанд, вале бо шарти кафолати бозгашт ба Тоҷикистон. Ба филиали тоҷикистонии донишгоҳ, ҳамчунин қабули донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо дар назар аст.

Ҷониби Малайзия тасмим гирифтааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат филиали Донишгоҳи Лимкоквингро бо шаҳрчаи донишҷӯён ва тамоми инфрасохтори дигараш дар Тоҷикистон бунёд намояд.

Тибқи ин санад ҳамчунин табодули донишҷӯён, бакалавру магистрҳо ва устодону профессорҳо миёни Тоҷикистону Малайзия ва омӯзиши таҷрибаи якдигар ба роҳ монда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520