Бегоҳии рӯз дар қасри Подшоҳи Малайзия мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи ин кишвар волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам баргузор шуд.
Подшоҳи Малайзия бо Шоҳбону Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали Тоҷикистонро истиқбол гирифта, ба толори мулоқотҳои хоса даъват намуданд.
Миёни онҳо доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи Тоҷикистону Малайзия гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Аз баргузории аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия ва муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар изҳори хушӣ карда шуд.
Арзи боварӣ карда шуд, ки минбаъд робитаҳои ду кишвари дӯст густариши фарох пайдо мекунанд, зеро то имрӯз ҳам миёни Тоҷикистону Малайзия ҳамкории судманд, хусусан дар соҳаи таҳсилоти олӣ, ба назар мерасад.
Ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули назар карда шуд.