Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими истиқболи расмӣ дар Малайзия

23.06.2014 13:53, Малайзия

Нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия субҳи имрӯз бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар саҳни Парлумони ин кишвар оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бонуи аввали кишварро Подшоҳи Малайзия, волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Сарвазири кишвари мизбон Наҷиб Абдурразоқ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Бонуи аввали Тоҷикистон ба болои минбари подшоҳӣ гузаштанд ва сурудҳои миллии ду кишвар садо дод. Минбаъд маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон,  гузашти сарони ду давлат аз назди сафи горди фахрӣ ва арзи эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва Ливои кишвари мизбон ҷараён гирифт. Сипас фармондеҳи горди фахрӣ аз анҷоми маросим гузориш медиҳад ва бори дувуми садои сурудҳои миллии ду кишвар танинандоз мегардад. Дар ин ҳангом ба ифтихори нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия ҳамчунин аз тӯпхонаҳо 21 шиллик паронда мешавад.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Бонуи аввали Тоҷикистон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурразоқ аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб муаррифӣ карда шуд.

Пас аз анҷоми маросими истиқбол Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва Шоҳбону Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали Тоҷикистонро ба меҳмонхонаи иқомат ва зиёда аз он то хонаи зисташон гусел карда, эҳтирому самимияти олии меҳмондорӣ нишон доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520