Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари давлатӣ ба Малайзия

22.06.2014 19:03, Малайзия

Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия шуд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Куала-Лумпур Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Малайзия ва дигар чорабиниҳо пагоҳ оғоз меёбанд.

Зимни сафар мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдурразоқ ва ба имзо расидани як зумра санадҳо дар назар аст, ки  ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишвар  асоси устувор мегузоранд. Санадҳо,  аз ҷумла доир ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, илму техника, таҳсилоти олӣ, туризм, варзиш ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ба имзо хоҳанд расид.

Ҳамчунин баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия дар назар аст, ки боиси муаррифии имконоти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ба миён омадани робитаҳои мустақими миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520