Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ

08.11.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи 8 - уми Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои шўро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон ширкат намуданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои 6 – ум ва 7 – уми шўро, масоили вобаста ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ», тадбирҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодии соҳаи кишоварзӣ дар роҳи комёб гаштан ба амнияти озуқаворӣ ва масъалаи ба низом даровардану кам кардани шумораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор баррасӣ шуд.

Пас аз гузориши Котиби масъули Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов доир ба иҷрои қарорҳои қаблии шўро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки иҷрои пурра ва самарабахши санадҳои қабулшуда таъмин карда шавад.

Дар муҳокима ва баррасии масоили мазкур Муовини роҳбари Намояндагии Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Никола Гюгас, Роҳбари Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд, Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон ҷоҷи Токеши, Роҳбари ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов, Раиси Фонди ҷамъиятии Интернет Рустам Қосимов, Роҳбари Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагон Некрўй Забиров, Директори кулли ҶСШК Помир-Энерҷӣ Далер ҷумаев, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер, Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов, Директори иҷроияи Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ибодулло Неъматов, Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Штефан Эрбер ва Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаою Жао иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон андешаҳоро доир ба зарурати кам кардани шумора ва ҳаҷми андозҳо дар маҷмўъ дастгирӣ намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар сурати амалӣ намудани чунин тадбирҳо бояд сарчашмаи ҷуброни камшавии даромад ба буҷети давлатӣ низ вуҷуд дошта бошад, аз ҷумла аз ҷониби муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон.

Пешниҳодҳои дигар доир ба озод намудани воридоти тухмиҳо, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, ваксина ва доруҳои байторӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба миён гузошта шуд. Ин масъаларо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, дастур дод, ки он дар муддати кўтоҳ омўхта ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Пешниҳодҳои зиёди дигар низ ба миён гузошта шуд, ки дар маҷмўъ ба беҳсозии фазои сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути қабули қонунҳои нав ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ нигаронда шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии ҷамъбастии худ ҳамаи таклифу пешниҳодот ва эродҳои садододаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои табиқи амалии андешаҳои судбахш ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ» бо назардошти талаботи замони муосир таҳия карда шуда, дар нимсолаи якуми соли 2012 ба Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ пешниҳод гардад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520