Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи «Серена-Душанбе»

01.11.2011 16:00, шаҳри Душанбе

Имрўз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 меҳмонхонаи панҷситорадори Серенаи Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин меҳмонхонаи 9 ошёнаи боҳашамат, ки дар хиёбони Рўдакӣ қомат афрохта, ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намудааст, бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Карим Оғохони 4 ба истифода супурда шуд.

Зимни шиносоӣ бо шароити меҳмонхонаи Серенаи Душанбе, ки бо харҷи беш аз 266 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо меъёрҳои навтарини ҷаҳонӣ дар масоҳати умумии қариб 12 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, дорои 85 утоқи истиқоматӣ, аз ҷумла утоқҳои бузурги барҳаво барои қабули роҳбарони давлатҳо ва меҳмонони дигари воломақом мебошад.

Ғайр аз ин меҳмонхона дорои толорҳои зиёд барои маҷлис, конфронсу семинар ва мулоқотҳои гуногун, маҷмааи варзишию солимгардонӣ, 2 тарабхона, қаҳвахона, чойхона ва дигар шароити истиқомат ва истироҳату фароғат мебошад. Тарабхонаи калон бо 200 ҷойи нишаст ва ҳаммому бисёр утоқҳои варзишию солимгардонӣ дар ошёнаҳои 8, 9 ва ҳавзи калони шиноварӣ дар боми бино ҷойгир шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки меҳмонхона аксаран бо масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ороишии Тоҷикистон ва тарҳу зинати миллии тоҷикӣ бунёд ёфтааст. Унсурҳои меъморӣ ва ороишоти миллии тоҷикӣ сари ҳар қадам дар тамоми гўшаю канори меҳмонхона ба чашм мерасад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми маводи ғизоӣ ҳам, ба ҷуз озуқавории баҳрӣ бояд аз Тоҷикистон бошад. Таклиф бо майли том пазируфта шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ин меҳмонхонаи муосири сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамчунин меҳмонони зиёди дохилию хориҷӣ, аз ҷумла корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар толори маҷлисии меҳмонхона, ки бо нақшу нигори зебои тоҷикӣ оро ёфтааст, ба Карим Оғохони 4 ва масъулони Созмони Оғохон оид ба рушд барои бунёди чунин меҳмонхонаи зебою муосир ва тадбирҳои зиёди дигар, аз ҷумла муҳайёсозии шароити хуб барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон арзи сипос кард.

Бо зикри аҳамияти иҷтимоии ин меҳмонхона иттилоъ дода шуд, ки дар вақти сохтмони ин бино 300 нафар бинокорону ороишгарони ватанӣ машғули кор буданд. Баъди ба кор даромаданаш бошад 200 нафари дигар соҳиби кори доимӣ мешаванд, ки беш аз 90% - и онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳу муаррифии меҳмонхонаи Серенаи Душанбе, ҳамчунин Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 ва роҳбари бахши рушди сайёҳии Созмони Оғохон оид ба рушд шоҳзода Амин Оғохон суханронӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии амиқи худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳангу хушсалиқаи он таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520