Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз минтақаи озоди иқтисодии Минск

25.05.2014 15:56, Беларус

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи озоди иқтисодии Мински Ҷумҳурии Беларус ташриф оварда, бо кори он бевосита шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин минтақа дар 3 ҳазор га доман паҳн намуда, дар он беш аз 140 ширкати беларусию хориҷӣ бо харҷи 1,2 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақим корхонаҳои истеҳсолии худро сохта ба кор даровардаанд. Дар минтақаи озоди иқтисодии Минск ҳамасола ба андозаи 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маҳсулот истеҳсол мешавад.

Таваҷҷуҳи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бештар фаъолияти корхонаи истеҳсолии Алютех ба худ ҷалб намуд. Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона ба коркарди алюминийи аввалия машғул буда, аз он маҳсулоти гуногун, аз ҷумла профилҳои алюмининӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Маҳсулоти ин корхона ба 140 кишвари ҷаҳон содир карда мешавад. Зимни суҳбат бо роҳбарияти корхона қарор шуд, ки ҳамкории 2 сол пеш оғозёфтаи он бо Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминийи Тоҷик густариш дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520