Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Донишгоҳи аграрии Гродно;
Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Беларус;
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати давлатии Беларус оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти саноати сабук «Беллегпром»;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати давлатии миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Беларус;
Созишнома миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус;
Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус;
Нақшаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои ҳориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҳориҷии Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2014-2015;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Беларус;
Дар охир Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус аз ҷониби сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба имзо расид.
Зимни изҳороти матбуотӣ роҳбарони ду давлат ба натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯзаи баҳои баланд дода, дурнамои густариши робитаҳоро басо умедворкунанда номиданд.