Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшедов

22.05.2014 09:47, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшедов телефонӣ суҳбат намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ахбори Раиси вилоятро доир ба ҳодисаи дирӯза дар шаҳри Хоруғ шунида, дастур дод, ки барои муътадил намудани вазъи бамиёномада чораҳои муассир андешида шавад.

Таъкид гардид, ки вазъият дар шаҳр бояд таҳти назорати мақомоти ҳокимияти давлатӣ қарор дошта бошад ва волоияти қонун бечуну чаро таъмин гардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520