Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Узви Бюрои сиёсии марказӣ, Котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсиан

21.05.2014 18:28, Чин

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бозгашт аз Шанхай дар шаҳри Урумчии ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таваққуфи кӯтоҳ намуда, бо Узви Бюрои сиёсии марказӣ, Котиби Кумитаи ҳизбии ин ноҳия Чжан Чунсиан мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ бо ин минтақаи фарохи Чин, ки дар ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон қарор дорад, баррасӣ шуд.

 Таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаҳои фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу дар ҳамаи фаслҳои сол, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани сифати роҳи мошингарди миёни Тоҷикистону Чин, татбиқи босамари санадҳое, ки бо ин ноҳия ба имзо расидаанд, зоҳир карда шуд.

Ба дурнамои робитаҳои ҳасана ва ҳусни ҳамсоягӣ баҳои баланд дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520