Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Шанхай

21.05.2014 07:55, Чин

Дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба кори худ оғоз намуд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони 11 давлати қитъаи Осиё, роҳбарони 10 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва ҳайатҳои сершумор аз давлатҳои дигари аъзо ва нозири ин созмон ташриф овардаанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё чун созмони минтақавӣ соли 1992 таъсис ёфта, то имрӯз 24 кишвари аъзо ва 13 нозир дорад.

Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёнҳои ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз рушди бонизому босуръати аксари кишварҳои Осиё таъкид дошт: “ин қитъа метавонад ва бояд  дар бунёди Осиёи шукуфон ва бехатар ҷаҳиши бузург амалӣ намояд”.

“Тоҷикистон омода аст, дар ин раванд саҳми намоёни худро гузорад”, - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520