Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари ширкати ТВЕА Чжан Син

19.05.2014 16:43, Чин

Имрӯз дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин роҳбари ширкати ТВЕА Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат масоили вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сершумори энергетикӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бо ёдоварӣ аз кори пурсамари ҳаштсолаи ин ширкат дар Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаҳои минбаъда низ аз ҷониби ин ширкат бо сифати баланд ва мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ амалӣ карда мешаванд.

Тавре зикр гардид, давоми 2 моҳи оянда навбати дуюми Маркази барқугармии дуюми Душанбе ба кор дароварда мешавад ва иқтидори он ба 100 мегаватт баробар мешавад. Доир ба бунёди боз ду навбати дигари ин марказ бо иқтидори 300 мегаватт низ гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт. Бо амалӣ шудани ин лоиҳа иқтидори маркази мазкур ба 400 мегаватт расонда хоҳад шуд.

Чжан СИН изҳор дошт, ки ширкати ТВЕА бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор иншооти иҷтимоӣ, аз  ҷумла маркази таълимӣ доир ба омодасозии кадрҳои соҳаи электроэнергетика ва мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар шаҳри Душанбе бунёд намуда, ҳамзамон дар навсозии қисмате аз роҳҳои маҳаллӣ низ иштирок хоҳад кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520