Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзишии Хадамоти давлатии алоқа дар шаҳри Душанбе

14.10.2011 16:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Синои пойтахт ташриф оварда, як маҷмааи варзишии бошукўҳро, ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардории мардум қарор дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ин маҷмааи муҳташами варзиширо мавриди баҳрабардории мардум қарор дода, бо шароити машқу тамрин дар он аз наздик шинос шуд. Зимни боздид аз майдончаҳои варзишии саҳни ҳавлии маҷмаа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар зарфи 2 моҳи оянда шароити машқу тамрин дар онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шавад.

Дар даромадгоҳи бинои маҷмааи варзишӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ғолибон ва ҷоизадорони чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон ва мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла Дилшод Назаров, Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева, Далер Тураев, Сабина Тағойназарова ва Баҳодур Қодиров истиқбол гирифтанд.

Тавре маълум шуд, ин маҷмааи бузурги варзишӣ, ки толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст, бо харҷи беш аз 19 миллион сомонӣ сохта, бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки шумораи ҷойҳои нишаст ба 3000 расонида шавад.

Маҷмаа аз толори калони асосӣ, 4 толори хурд, дигар утоқҳои зарурӣ ва майдончаҳои гуногун дар саҳни ҳавлиаш иборат буда, дорои шароити машқу тамрин аз рўйи 15 намуди варзиш мебошад.

Толори бузурги варзишии он барои намудҳои бокс, гуштин, волейбол, баскетбол, тўби дастӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Толори хурди варзиши бадан барои мардон дорои василаҳои гуногуни муосири обутоби ҷисм аст.

Толори хурди дигар, ки барои занону духтарон пешбинӣ шудааст, дорои шароити зарурӣ барои машқи гимнастика, акробатика ва фитнес мебошад.
Ду толори хурди дигар барои бозиҳои шоҳмоту шашка ва тенниси болои миз пешбинӣ шудаанд.

Дар ду паҳлўи толори бузург утоқҳои ивази либос, душ ва дигар шароити зарурӣ алоҳида барои занон ва мардон омода гаштаанд.

Маҷмаа, ҳамчунин дорои ошхонаи калони барҳаво бо 200 ҷойи нишаст мебошад.

Майдончаҳои варзишии саҳни ҳавлӣ бошанд, барои бозиҳои волейбол, баскетбол, тўби дастӣ, футболи хурд, давидан, тенниси калон ва ғайра аз ҷумла дар болои рег ба монанди бозиҳои соҳили баҳрҳо пешбинӣ шудаанд.

Бояд хотиррасон намуд, ки тайи чанд соли охир, ба хусус баъди мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар, ки 20 - уми декабри соли 2010 баргузор гардида буд, дар ҷумҳурӣ бунёди варзишгоҳҳову маҷмааҳо, толорҳо ва дигар иншооти варзишӣ авҷи тоза пайдо намуд.

Ин аст, ки танҳо дар соли равон дар кишвар 5 маҷмааи замонавии варзишиву солимгардонӣ, зиёда аз 500 толору майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, маркази солимгардонии кўдакон ва наврасону ҷавонон бунёд гардида, инчунин зиёда аз 80 иншооти дигари соҳа мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифт.

Ҳоло дар кишвар ҳамагӣ беш аз сад варзишгоҳ, зиёда аз ҳазор толори варзишӣ, беш аз чор ҳазор майдончаи варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва 127 мактаби варзишӣ фаъолият доранд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар зарфи нўҳ моҳи баъди мулоқоти мазкури Сарвари давлат варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 230 медал, аз ҷумла 71 медали тилло, 64 медали нуқра ва 95 медали биринҷӣ шудаанд.

Ба яке аз парчамбардорони варзиши муосири тоҷик чемпиони Осиё, барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ва дорандаи роҳхат ба бозиҳои 30 - юми олимпии Лондон-2012 Анвар Юнусов аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мошини сабукрав тақдим карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз ин ва дигар нишондоҳои рушди соҳаи варзишу тарбияи ҷисмонӣ ёдовар шуда, варзишгарони соҳибистеъдоди кишварро ба фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар ва парафшон кардани Парчами Тоҷикистон дар арсаҳои минтақа ва ҷаҳон даъват намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки дар зарфи 5 соли оянда танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои муҳайё намудани шароити муосири машқу тамрин 400 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Таъкид гардид, ки даҳҳо миллион сомонии дигар барои ин ҳадаф аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорӣ ва шахсиятҳои алоҳидаи баору номус сафарбар карда мешавад. “Аз варзишгарон бошад танҳо машқу тамрин, ҳунарнамоии олӣ ва фатҳу зафар талаб карда мешавад”, - изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520