Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот аз рӯи натиҷаи гуфтушунид бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов

05.05.2014 12:53, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Тоҷикистон ба рушди ҳамкории бисёрҷониба бо Туркманистон дар асоси принсипҳои Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳоямон аз 4 октябри соли 2007 аҳамияти афзалиятдор медиҳад.

Ташрифи ҳозираи расмии Президенти Туркманистон, дӯстам Гурбангули Маликгулиевич ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои он, бешубҳа, дар таърихи навтарини муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Туркманистон, ки тайи солҳои истиқлолият ва хусусан тайи ҳашт соли охир собитқадамонаю босуръат рушд меёбанд, бо сатри алоҳида сабт мешаванд.

Мо бо Гурбангули Маликгулиевич гуфтушуниди мутақобилан муфиду судманд ороста, дар ҷараёни он доираи васеи масоили дорои хусусияти дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, перомуни вазъи кишварҳоямон ва минтақа, дар мавриди масоили байналмилалӣ, ки диққати ҳар ду ҷонибро ба худ ҷалб мекунанд, табодули афкор намудем.

Мехоҳам ба таври махсус қайд намоям, ки мавқеъҳоямон аз рӯи ин масъалаҳо басо наздик ё ба якдигар мувофиқанд, ки ин худ асоси хуби сиёсӣ барои ҳамкории минбаъда ва фаъолияти зич мебошад.

Мо нақшаҳои нави ҳамкории дуҷонибаро бо Гурбангули Маликгулиевич дар манзари аз нигоҳи анъанавӣ манфиатнок мавриди муҳокима қарор додем.

Аҳду паймони нави мо имконоти иловаро барои рушду густариши ҳамкориамон, пеш аз ҳама дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва нақлиёт фароҳам меорад.

Мо тасдиқ намудем, ки барои татбиқи лоиҳаи пайвасти роҳи оҳани Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ҳар чи фаъолонатар саъю кӯшиш менамоем.

Аз рӯи натиҷаи мулоқот дар сатҳи олӣ ва гуфтушунидҳои ҳайатҳо як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷониба имзо шуданд, ки заминаи мавҷудаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориро таҳким мебахшанд.

Мо кори коршиносамонро дар ин самт ба дараҷаи баланд арзёбӣ карда, аҳамияти давом додани саъю кӯшишҳоро барои таҳкиму такмили таҳкурсии шартномавию ҳуқуқӣ ва кори самарабахши комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ қайд намудем.

Ин кор бояд ба сӯи фарогирии чунин бахшҳои манофеи якхела, монанди нақлиёт, аз ҷумла роҳҳои ҳавоӣ ва оҳан, сафарҳои байни шаҳрвандон, нақби конҳои нафту газ, рушди саноати сабук, нерӯи барқ, бахши маориф ва як қатор бахшҳои дигар пеш равад.

Мо ба масоили дигаре, ки манофеи мутақобиларо дар бар мегиранд, аз ҷумла ба вазъу дурнамои ҳамкориамон дар ҳошияи СММ, САҲА, ИДМ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ дахл намуда, аҳд кардем, ки муколамаи сиёсиро ба манзури танзими мавқеъҳо ва дастгирии ибтикороти якдигар дар арсаи ҷаҳон идома диҳем.

Масоили марбут ба минтақаи мо ва, албатта, масоили Афғонистон дар партави ихроҷи қӯшунҳои эътилофи байналмилалӣ ва вазъияти наверо, ки кишварҳои минтақа дучори он мегарданд, ба таври алоҳида муҳокима намудем.

Тоҷикистону Туркманистон азму иродаи қавӣ доранд, ки нерӯи мавҷударо барои ба сатҳи боз ҳам баландтар бардоштани муносибатҳои ҳамкориамон хусусан дар бахши тиҷорату иқтисодиёт истифода намоянд.

Аминем, ки мо бо саъю кӯшишҳои умумӣ метавонем ин имконотро пурра истифода намоем ва ба сатҳи мушорикати зич ба хотири беҳбудии халқҳоямон ва рушди босуботи минтақа расем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520