Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон

05.05.2014 13:03, шаҳри Душанбе

Масоили рушди муносибот ва ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт, ки “рушди муносибот бо Туркманистон аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар навбати худ муносиботи ду кишварро  “бо суръат рушдёбанда” номида, ҳвмзамон ба роҳбарияти Тоҷикистон барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои байналмилалии Туркманистон арзи сипос намуд.

Доир ба масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи зиёд ба тавсиаи робитаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла нақлиёти заминию ҳавоӣ, зоҳир гардид. Масоили вобаста ба тезондани сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар маркази таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб қарор дошт.

Гуфтугӯйи судамнд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию ояндаи Афғонистони ҳамсоя ва ҳам дигар мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Пас аз анҷоми музокирот 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии “Эргаш Султонов”-и ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2014-2016;

Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2015-2016;

Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои соли 2015;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлат ва ҳуқуқи назди Президенти Туркманистон;

Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ.

Сарони ду давлат-Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба натиҷаи мулоқоту музокирот баҳои баланд дода, ба дурнамои рушди муносибот ва ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон изҳори хушбинӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520